Тоҷикистон бо Русия барои воридоти ваксинаи "Спутник V" гуфтугӯ мекунад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкШприцы на фоне логотипа "Спутник V"
Шприцы на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Русия дар бораи воридоти ваксинаи коронавируси Sputnik V ба ҷумҳурӣ гуфтугӯ мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо намояндагони Фонди мустақили сармоягузории Русия оид ба интиқоли ваксини "Спутник V" ба ҷумҳурӣ гуфтушунид кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии кишвар.
"Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони Фонди мустақили сармоягузории Русия оид ба воридоти ваксинаи "Спутник V" гуфтушунид кард", - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои манбаъ, гуфтушунидҳо дар пайи мулоқотҳои гузаштаи сарвазири Тоҷикистон роҳбари ҳукумати Русия ва дидори вазирони тандурустии ду кишвар дар Маскав сурат гирифтааст.
Прибытие рейса с вакциной Sputnik V в Аргентину - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Ӯзбекистон бастаи аввали ваксинаи Спутник V-ро гирифт: нисфи пулашро Алишер Усмонов дод
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо дар бораи интиқоли ваксинаи "Спутник V" ба Тоҷикистон мубодилаи афкор карданд. Интизор меравад, ки ваксина пас аз сабти ном ба Тоҷикистон ворид карда шавад.
"Ин нахустин музокироти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо Фонди мустақили сармоягузории Федератсияи Русия дар бораи ба қайд гирифтан ва интиқол додани ваксинаи "Спутник V" ба Тоҷикистон аст", - илова кард вазорат.
Лентаи хабарҳо
0