Қоҳир Расулзода озими Қазон шуд

© Sputnik / Сергей СубботинКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро дар фурудгоҳи шаҳри Қазон ҳамтои тотори ӯ Алексей Песошин пешвоз гирифт
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода озими Қазон шуд, хабар медиҳад сомонаи радио ва телевизиони Русия Тотористон.
Бар хабари манбаъ, Расулзодаро дар фурудгоҳи байналлмиллалии "Тукая" - и Қазон, сарвазири Тотористон Алексей Песошин пешвоз гирифт.
Бояд гуфт, ки дар баробари Расулзода ба Ҷумҳурии Тотористон ҳамчунин сарвазирони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия низ ворид шуданд.
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Ҳамгироӣ дар АвруОсиё: Путин ва Раҳмон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвазирони ин 5 давлат масоили амиқгардонии ҳамгироиро дар доираи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё баррасӣ мекунанд.
Инчунин иштирокчиёни ин нишаст ҳисоботро дар бораи иҷрои барномаи байнидавлатии истеҳсол ва ҳамзамон дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи кайҳонро хоҳанд шунид.
Самтҳои асосии ҳамкории саноатӣ дар доираи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё то соли 2025 барои баррасии сарони ҳукуматҳо пешниҳод карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0