Путин ба Тоҷикистон сафар мекунад

© FotoПрезидент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Кремле
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Кремле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Интизор меравад, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба моҳи сентябр ба Тоҷикистон сафар кунад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон хабар дод, ки дар Тоҷикистон раисҷумҳури Русия Владимир Путинро интизоранд.
"Дар Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 ташрифи президенти Русия Владимир Путинро интизоранд", - изҳор доштааст Қоҳир Расулзода.
Расулзода дар ин бора дар мулоқоти ахираш бо Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар Қозон изҳор доштааст.
Ба гуфтаи вай, дар рафти сӯҳбати телефоние, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимр Путин анҷом доданд, "қарор дода шуд, ки сафари расмии раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар моҳи сентябри соли равон ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад".
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Ҳамгироӣ дар АвруОсиё: Путин ва Раҳмон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд
Ёдрас мешавем, ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дода буданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масъалаи гузарондани афви муҳоҷирони тоҷикро дар Русия баррасӣ карданд.
"Ҷонибиҳо дар ояндаи наздик гузаронидани “амнистияи муҳоҷиратӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ибрози ақида намуданд", - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки раисиҷумҳурҳои ду кишвар инчунин зиёд кардани парвозҳо миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.
Премьер-министр РТ Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Расулзода аз Мишустин хост, ба Тоҷикистон ваксинаҳои русии алайҳи COVID-19 диҳад
"Масъалаҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаб бо таҳсилоти забони русӣ дар Тоҷикистон, бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, зиёд кардани теъдоди парвозҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд", - афзуд котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, феълан Қоҳир Расулзода, дар Қозон дар мулоқоти нахуствазирони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии авруОсиё ширкат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0