https://sputnik.tj/20210429/medvedev-dar-borai-badbinii-manizha--izhori-nazar-kard-1039141288.html
Медведев бадбинӣ нисбати Манижаро шарҳ дод
Медведев бадбинӣ нисбати Манижаро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Дмитрий Медведев қайд кард, ки изҳорот дар бораи овозхон Манижа ҳамчун ҳолатҳои ҷудогонаи таҳаммуленопазирӣ сабт карда мешавад
2021-04-29T13:39+0500
2021-04-29T13:39+0500
2021-04-29T13:48+0500
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
дар тоҷикистон
дмитрий медведев
вокуниш
манижа сангин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039136233_0:0:3143:1768_1920x0_80_0_0_b3d4d0d353dd79558947e3aa4eddd416.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия Дмитрий Медведев зимни баромади мустақим VKLiveба дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте ба саволи корбарон дар бораи бадбинии Манижа, ки кишварро дар Евровидение 2021 намояндагӣ мекунад, посух дод. Президенти собиқи Русия гуфт, ки дар тӯли 100 сол дар Русия ҳеҷ мушкиле бо табъизи нажодӣ вуҷуд надорад. Дар посух ба изҳорот дар бораи сарусадоҳи зиёд дар бораи иштирокчии Евровидение аз Русия, Медведев қайд кард, ки ӯ дар бораи вокунишҳои инфиродӣ ва дар бораи зуҳуроти миллатгароию таҳаммулнопазирии динӣ суҳбат намекунад.Медведев эътироф кард, ки монанди ҷомеаҳои дигар дар Русия низ чунин мушкилот вуҷуд дорад. "Аммо ин ба андозаи азим чун дар Иёлоти Муттаҳида нест. Мо чунин таърихи вазнини ғуломдориро надорем, мисле ки дар он ҷо буд", - илова кард ӯ ва шарҳ дод, ки сухан дар бораи эътирозҳои азими тарафдорони ҷонибҳои Black Lives Matter меравад.Ёдовар мешавем, пас аз он ки 8 марти соли равон маълум шуд, овозхони зодаи тоҷик Манижа Русияро дар Евровидение 2021 намояндагӣ хоҳад кард, шӯру ғазаб ва вокунишҳои шадид аз ҳар ҷониб болояш рехт.Манижа дар Евровидение - 2021Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд. Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд. Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" наздики 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.
https://sputnik.tj/20210428/manizha-joizai-tuhfai-ghayriintizor-1039105559.html
https://sputnik.tj/20210424/1039018956.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039136233_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2f10bb79f20eea0c397b897e29889a66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манижа, медведев, евровидение, вокуниш, изҳори назар
манижа, медведев, евровидение, вокуниш, изҳори назар
Медведев бадбинӣ нисбати Манижаро шарҳ дод
13:39 29.04.2021 (Навсозишуда: 13:48 29.04.2021) Дмитрий Медведев қайд кард, ки изҳорот дар бораи овозхон Манижа ҳамчун ҳолатҳои ҷудогонаи таҳаммулнопазирӣ сабт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия Дмитрий Медведев зимни баромади мустақим VKLiveба дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте ба саволи корбарон дар бораи бадбинии Манижа, ки кишварро дар Евровидение 2021 намояндагӣ мекунад, посух дод.
Президенти собиқи Русия гуфт, ки дар тӯли 100 сол дар Русия ҳеҷ мушкиле бо табъизи нажодӣ вуҷуд надорад.
Дар посух ба изҳорот дар бораи сарусадоҳи зиёд дар бораи иштирокчии Евровидение аз Русия, Медведев қайд кард, ки ӯ дар бораи вокунишҳои инфиродӣ ва дар бораи зуҳуроти миллатгароию таҳаммулнопазирии динӣ суҳбат намекунад.
Медведев эътироф кард, ки монанди ҷомеаҳои дигар дар Русия низ чунин мушкилот вуҷуд дорад.
"Аммо ин ба андозаи азим чун дар Иёлоти Муттаҳида нест. Мо чунин таърихи вазнини ғуломдориро надорем, мисле ки дар он ҷо буд", - илова кард ӯ ва шарҳ дод, ки сухан дар бораи эътирозҳои азими тарафдорони ҷонибҳои Black Lives Matter меравад.
Ёдовар мешавем, пас аз он ки 8 марти соли равон маълум шуд, овозхони зодаи тоҷик Манижа Русияро дар Евровидение 2021 намояндагӣ хоҳад кард, шӯру ғазаб ва вокунишҳои шадид аз ҳар ҷониб болояш рехт.
Манижа дар Евровидение - 2021
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд. Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" наздики 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.