Ҳанӯз зинда буданд: наворҳои охирини киштии ғарқшудаи Индонезия дар интернет пайдо шуд

Обуна шудан
Ҷавонони дар наворбуда ҳайати киштии зердарёии Индонезия мебошанд, ки ҳангоми машқҳои омӯзишӣ дар наздикии Бали ғайб заданд
Нерӯи баҳрии Индонезия видеои киштии зериобии ғарқшудаи Nanggala-ро нашр кард. Дар видеое, ки каме пеш аз фоҷиа ба навор гирифта шудааст, маллоҳон бо гитор суруд мехонанд.
Видео босуръат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хориҷӣ паҳн шуд. Ин бисёр ғамангез аст, чун онҳоро пас аз чанде марг интизор буд.
Ёдовар мешавем, ки киштии зериобии Индонезия KRI Nanggala 402 рӯзи 21 апрел ҳангоми тамрин дар наздикии Бали иртиботро қатъ кард. Вай яке аз панҷ киштии зериобӣ дар хидмати кишвар буд.
"Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун": паёми Раҳмон ба Видодо
Пас аз 2 рӯз, 23 апрел, мақомоти кишвар тасдиқ карданд, ки захираи оксиген дар киштии зериобӣ тамом шудааст ва имкони пайдо кардани наҷотёфтагон вуҷуд надошт. Ва 25 апрел киштии зериобӣ ёфт шуд. Ҳама низомиён мурда буданд.
Сабаби расмии фоҷиа номбар нашудааст, аммо коршиносон ба серборӣ дар киштӣ ва инчунин ба он далолат мекунанд, ки киштии зериобӣ нисбат ба ҳадди муаяншуда ба умқи об рафтааст.
Аз сабабҳои эҳтимолӣ бошад, обхезӣ мавҷи зериобӣ ё гум шудани қувваи барқ ​​ҳангоми ғаввосӣ номида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0