https://sputnik.tj/20210429/chorkuh-voruh-tafsilot-tirandoziho-marzi-tojikiston-qirghiziston-1039155938.html
"Роҳи Чоркӯҳ-Ворух озод шуд”: тафсилот аз тирандозиҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
"Роҳи Чоркӯҳ-Ворух озод шуд”: тафсилот аз тирандозиҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Бино ба иттилои дарёфтӣ, тирандозиҳое, ки дар деҳаи Хоҷаи Аъло шурӯъ шуда буданд, ба деҳоти Чоркуҳу Сомониён ва Тоҷикон кӯч кардаанд 29.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-29T18:27+0500
2021-04-29T18:27+0500
2021-04-29T18:58+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
осиёи марказӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039155752_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_b1517364ebe4e12a4b0f7d4db7aaf0ec.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Як корманди ҷамоати Ворух ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нерӯҳои марзбонӣ ва вижаи Тоҷикистон тамоми нуқтаҳои баҳсангез бо Қирғизистонро аз ҷузву томҳои марзбонии қирғиз озод намуда, қисми низомии марзбонони қирғиз дар деҳаи Оқсойро низ мавриди ҳамла қарор додаанд. Бино ба ин манбаъ, дар даргириҳои марзӣ сирфан нерӯҳои марзбонӣ ва ҷузву томҳои нерӯҳои махсусу вижаи кишварҳо дар имтидоди марзи ду кишвар вориди даргирӣ шудаанд. “Мардуми мулкӣ тарки маҳали даргириҳо кардаанд. Мардуми Сомониёну Тоҷикон ба дуртар аз маҳалли даргириҳо кӯч кардаанд. Дар бораи талафоти ҷонӣ иттилое дар даст нест”, - гуфт ин манбаъ.Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.
https://sputnik.tj/20210429/jabborov-tojikon-barodar-sulh-davat-1039154991.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039155752_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_d03aded5f72580405554a734bc38383b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният ва мудофиа, қирғизистон, осиёи марказӣ, марз
амният ва мудофиа, қирғизистон, осиёи марказӣ, марз
"Роҳи Чоркӯҳ-Ворух озод шуд”: тафсилот аз тирандозиҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
18:27 29.04.2021 (Навсозишуда: 18:58 29.04.2021) Бино ба иттилои дарёфтӣ, тирандозиҳое, ки дар деҳаи Хоҷаи Аъло шурӯъ шуда буданд, ба деҳоти Чоркуҳу Сомониён ва Тоҷикон кӯч кардаанд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Як корманди ҷамоати Ворух ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нерӯҳои марзбонӣ ва вижаи Тоҷикистон тамоми нуқтаҳои баҳсангез бо Қирғизистонро аз ҷузву томҳои марзбонии қирғиз озод намуда, қисми низомии марзбонони қирғиз дар деҳаи Оқсойро низ мавриди ҳамла қарор додаанд.
“Ҳоло метавон гуфт, ки масири Чоркуҳ – Ворух пурра дар контроли нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Аз сӯи қирғизҳо, бархе иншоот, назири тӯйхонаву ферма дар деҳаи Тоҷикон, бо миномёт мавриди ҳамла қарор гирифта, тахриб шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба ин манбаъ, дар даргириҳои марзӣ сирфан нерӯҳои марзбонӣ ва ҷузву томҳои нерӯҳои махсусу вижаи кишварҳо дар имтидоди марзи ду кишвар вориди даргирӣ шудаанд.
“Мардуми мулкӣ тарки маҳали даргириҳо кардаанд. Мардуми Сомониёну Тоҷикон ба дуртар аз маҳалли даргириҳо кӯч кардаанд. Дар бораи талафоти ҷонӣ иттилое дар даст нест”, - гуфт ин манбаъ.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.