https://sputnik.tj/20210428/zelenskiy-joi-muloqot-putin-1039114710.html
Зеленский ҷойи хосеро барои мулоқот бо Путин ном бурд
Зеленский ҷойи хосеро барои мулоқот бо Путин ном бурд
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Зеленский маконеро ном бурд, ки омодааст дар он ҷойи бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мулоқот кунад.
2021-04-28T14:40+0500
2021-04-28T14:40+0500
2021-04-28T15:16+0500
дар ҷаҳон
украина
владимир путин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/91/1029269186_0:107:1001:670_1920x0_80_0_0_1ed3fb54bfc74dfd050a6fb541a2bc3c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Президенти Украина дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёвии la Repubblica гуфт, ки Ватикан метавонад "ҷои муносиб" барои гуфтушунид бо Русия дар бораи Донбасс бошад.Ҳафтаи гузашта, раҳбари Украина, дар як паёми видеоӣ аз ҳамтои руси худ даъват кард, ки "барои вохӯрдан дар ҳама ҷое дар Донбасси Украина, ки дар онҷо ҷанг идома дорад" мулоқот кунад. Владимир Путин посух дод, ки Киев гуфт, Украина пеш аз ҳама, бояд бо роҳбарияти Ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи Донетск ва Луганск гуфтугӯ кунад, аммо илова кард, ки агар Зеленскийро розь бошад, метавонад барои муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба ӯро дар Маскав қабул кунад.Алоҳида таъкид карда шуд, ки дар гуфтушунидҳо масъалаи Қрим ва Донбасс баррасӣ намешаванд.Рӯзи душанбе президенти Украина гуфт, ки ҳама чиз ба ҷое расида истодааст, ки мулоқот бо Путин баргузор мешавад ва вақту макон аллакай ҷузъиёт аст. Кремл тасдиқ кард, ки маъмурияти сарони давлатҳо дар тамоси доимӣ ҳастанд.Ахиран танишҳо дар ҷанубу шарқи Украина шиддат гирифт. Дар ҷумҳуриҳои худхонда, Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ба ин айбдор мекунанд ва Киев бошад, бо кишварҳои Ғарб дар бораи фаъолгардии артиши Русия дар марзҳо сӯҳбат мекунанд. Аммо Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба эътидол овардани вазъ бо ҳамсоягонаш манфиатдор аст ва инчунин рӯшан кард, ки ба касе ҳамла карданӣ нест.
https://sputnik.tj/20210426/zelenskiy-davati-putinro-qabul-1039048382.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/91/1029269186_0:14:1001:764_1920x0_80_0_0_06d2ea636c8239db8887c711b9febefc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, зеленский, мулоқот, ватикан
путин, зеленский, мулоқот, ватикан
Зеленский ҷойи хосеро барои мулоқот бо Путин ном бурд
14:40 28.04.2021 (Навсозишуда: 15:16 28.04.2021) Владимир Зеленский маконеро ном бурд, ки омодааст дар он ҷойи бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мулоқот кунад.
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Президенти Украина дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёвии la Repubblica гуфт, ки Ватикан метавонад "ҷои муносиб" барои гуфтушунид бо Русия дар бораи Донбасс бошад.
“Ҷойи муқаддас - як эътибори ҷаҳонии ахлоқӣ мебошад, ки ҳамеша ҳамчун як миёнарав нақши муассир дошта, барои ҳама ҷонибҳои муноқиша бетараф ва боэътимод аст. Аз ин рӯ, Ватиканро дар таърих аксар вақт даъват мекарданд, ки ихтилофи байни давлатҳоро ба хотири ояндаи осоишта ҳал кунад", - гуфт ӯ.
Ҳафтаи гузашта, раҳбари Украина, дар як паёми видеоӣ аз ҳамтои руси худ даъват кард, ки "барои вохӯрдан дар ҳама ҷое дар Донбасси Украина, ки дар онҷо ҷанг идома дорад" мулоқот кунад.
Владимир Путин посух дод, ки Киев гуфт, Украина пеш аз ҳама, бояд бо роҳбарияти Ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи Донетск ва Луганск гуфтугӯ кунад, аммо илова кард, ки агар Зеленскийро розь бошад, метавонад барои муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба ӯро дар Маскав қабул кунад.
Алоҳида таъкид карда шуд, ки дар гуфтушунидҳо масъалаи Қрим ва Донбасс баррасӣ намешаванд.
Рӯзи душанбе президенти Украина гуфт, ки ҳама чиз ба ҷое расида истодааст, ки мулоқот бо Путин баргузор мешавад ва вақту макон аллакай ҷузъиёт аст.
Кремл тасдиқ кард, ки маъмурияти сарони давлатҳо дар тамоси доимӣ ҳастанд.
Ахиран танишҳо дар ҷанубу шарқи Украина шиддат гирифт. Дар ҷумҳуриҳои худхонда, Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ба ин айбдор мекунанд ва Киев бошад, бо кишварҳои Ғарб дар бораи фаъолгардии артиши Русия дар марзҳо сӯҳбат мекунанд.
Аммо Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба эътидол овардани вазъ бо ҳамсоягонаш манфиатдор аст ва инчунин рӯшан кард, ки ба касе ҳамла карданӣ нест.