https://sputnik.tj/20210426/zelenskiy-davati-putinro-qabul-1039048382.html
Зеленский даъвати Путинро барои мулоқот қабул кард
Зеленский даъвати Путинро барои мулоқот қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Зеленский даъвати Путинро барои мулоқот қабул кард
2021-04-26T15:55+0500
2021-04-26T15:55+0500
2021-08-10T16:21+0500
владимир путин
сиёсат
украина
мулоқот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0f/1038473804_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_97e5b4b88278e84ab7b0d30ed8e728d1.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апрел - Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский омодагии худро барои мулоқот бо раҳбари Русия Владимир Путин эълом кард.Ба гуфти ӯ муҳим нест, дидор дар куҷо мешавад.Маълум аст, ки кишвардори украинӣ бо ҳамтои русаш масоили забони русӣ ва калисоро баррасӣ мекунад.Дар баробари ин сухангӯи Кремл Дмитрий Песков изҳор дошт, ки дигар ҷузъиёти дидори Путин ва Зеленский маълум нест.Қаблан, сарони давлатҳо барои баррасии муносибатҳои дуҷониба ҳамдигарро ба дидор даъват карданд. Аммо, ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо ба қабули онҳо шитоб намекарданд, зеро Маскав ва Киев мехостанд танҳо бо шартҳои худ мулоқот кунанд. Маълум аст, ки Русия аз Украина интизор аст, ки созишномаҳои Минскро иҷро кунад. Путин бошад тавзеҳ дод, то даме ки раҳбари Украина масъалаи ҷумҳуриҳои эътирофнашуди мардумии Донетск ва Луганскро ҳал накунад, дар бораи Донбасс бо ӯ сухан нахоҳад гуфт."Дар навбати аввал раҳбарияти Украина бояд бо сарони Ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи Донетск ва Луганск гуфтугӯ кунад", - қайд кард ӯ.
https://sputnik.tj/20210423/zelenskiy-putin-muloqot-dar-maskav-1038982673.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0f/1038473804_248:0:2979:2048_1920x0_80_0_0_fb9d3ea27f7d1658d68c26983a7c0cff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский, путин, мулоқот
зеленский, путин, мулоқот
Зеленский даъвати Путинро барои мулоқот қабул кард
15:55 26.04.2021 (Навсозишуда: 16:21 10.08.2021) Президенти Украина Владимир Зеленский барои мулоқот бо раҳбари Русия Владимир Путин розӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26 апрел - Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский омодагии худро барои мулоқот бо раҳбари Русия Владимир Путин эълом кард.
Ба гуфти ӯ муҳим нест, дидор дар куҷо мешавад.
"Ҳамаи корҳо чунин мегузарад, ки бо Путин мулоқот кунем - ман аллакай ба раҳбари дастгоҳи президент дастур додам, ки рӯз ва маконро мувофиқа кунанд", - қайд кард Зеленский.
Маълум аст, ки кишвардори украинӣ бо ҳамтои русаш масоили забони русӣ ва калисоро баррасӣ мекунад.
Дар баробари ин сухангӯи Кремл Дмитрий Песков изҳор дошт, ки дигар ҷузъиёти дидори Путин ва Зеленский маълум нест.
Қаблан, сарони давлатҳо барои баррасии муносибатҳои дуҷониба ҳамдигарро ба дидор даъват карданд. Аммо, ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо ба қабули онҳо шитоб намекарданд, зеро Маскав ва Киев мехостанд танҳо бо шартҳои худ мулоқот кунанд.
Маълум аст, ки Русия аз Украина интизор аст, ки созишномаҳои Минскро иҷро кунад.
Путин бошад тавзеҳ дод, то даме ки раҳбари Украина масъалаи ҷумҳуриҳои эътирофнашуди мардумии Донетск ва Луганскро ҳал накунад, дар бораи Донбасс бо ӯ сухан нахоҳад гуфт.
"Дар навбати аввал раҳбарияти Украина бояд бо сарони Ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи Донетск ва Луганск гуфтугӯ кунад", - қайд кард ӯ.