https://sputnik.tj/20210428/tatil-may-ramazon-manotiq-rusiya-1039129006.html
Таътили майӣ ба хотири Рамазон дар бархе аз манотиқи Русия дарозтар хоҳад буд
Таътили майӣ ба хотири Рамазон дар бархе аз манотиқи Русия дарозтар хоҳад буд
Sputnik Тоҷикистон
Дар чаҳор минтақаи Русия, ба хотири хотима ёфтани моҳи шарифи Рамазон, ба рӯзҳои таътилии моҳи май як рӯзи дигар илова карда мешавад 28.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-28T20:14+0500
2021-04-28T20:14+0500
2021-04-28T20:14+0500
фарҳанг
рамазон
таътил
моҳи май
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102404/42/1024044286_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_1c06bdbfbe4b9dbe2795e5880e36e8fd.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр - Sputnik. Якчанд минтақаи Русия эълом доштанд, ки ба ифтихори иди Рамазон ба рӯзҳои истироҳати моҳи май рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ илова карда мешаванд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии мақомот ва ҳукуматҳои ин минтақаҳо хабар медиҳад. Дар Ҷумҳурии Адигей 13 май ба рӯзҳои истироҳат илова карда мешавад, вақте ки мусулмонон иди Фитр ҷашн мегиранд. Ҷумҳурии Қрим низ дар моҳи май хотима ёфтани рӯзаро ҷашн мегирад. Мақомот тасмим гирифтанд, ки 14 майро рӯзи истироҳат кунанд.Бошқирдистон ва Тотористон низ дар робита ба иди Фитр - рӯзи ба поён расидани рӯза дар моҳи Рамазон дар бораи истироҳати иловагӣ тасмим гирифтанд.Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, розӣ шуд, ки бо имзои як фармон даҳаи аввали моҳи майро пурра истироҳатӣ эълон кунад. Бар асоси ин тасмим, аз 1 то 10 май дар кишвар бидуни танаффус таътил хоҳад буд. Раиси “Роспотребназдор” Анна Попова бо пешниҳоди истироҳатӣ эълон кардани рӯзҳои миёни ду иди моҳи май ба Путин муроҷиат карда буд. "Агар шумо фикр кунед, ки ин зарур аст, хуб мо инро иҷро хоҳем кард. Имрӯз ман фармони дахлдорро имзо мекунам", - гуфта буд Путин.Раисиҷумҳури Русия тавзеҳ дод, ки ин тасмим дар доираи чораҳо барои мубориза бо коронавирус дар кишвар гирифта шуд.
https://sputnik.tj/20210420/tojikistoniyon-may-istirohat-idi-ramazon-1038805858.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102404/42/1024044286_55:0:776:541_1920x0_80_0_0_8c3629073a71e95963ced8361c7d8d79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, рамазон, таътил, моҳи май, дар русия
фарҳанг, рамазон, таътил, моҳи май, дар русия
Таътили майӣ ба хотири Рамазон дар бархе аз манотиқи Русия дарозтар хоҳад буд
Дар чаҳор минтақаи Русия, ба хотири хотима ёфтани моҳи шарифи Рамазон, ба рӯзҳои таътилии моҳи май як рӯзи дигар илова карда мешавад
ДУШАНБЕ, 28 апр - Sputnik. Якчанд минтақаи Русия эълом доштанд, ки ба ифтихори иди Рамазон ба рӯзҳои истироҳати моҳи май рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ илова карда мешаванд.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии мақомот ва ҳукуматҳои ин минтақаҳо хабар медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Адигей 13 май ба рӯзҳои истироҳат илова карда мешавад, вақте ки мусулмонон иди Фитр ҷашн мегиранд. Ҷумҳурии Қрим низ дар моҳи май хотима ёфтани рӯзаро ҷашн мегирад. Мақомот тасмим гирифтанд, ки 14 майро рӯзи истироҳат кунанд.
Бошқирдистон ва Тотористон низ дар робита ба иди Фитр - рӯзи ба поён расидани рӯза дар моҳи Рамазон дар бораи истироҳати иловагӣ тасмим гирифтанд.
Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, розӣ шуд, ки бо имзои як фармон даҳаи аввали моҳи майро пурра истироҳатӣ эълон кунад.
Бар асоси ин тасмим, аз 1 то 10 май дар кишвар бидуни танаффус таътил хоҳад буд.
Раиси “Роспотребназдор” Анна Попова бо пешниҳоди истироҳатӣ эълон кардани рӯзҳои миёни ду иди моҳи май ба Путин муроҷиат карда буд.
"Агар шумо фикр кунед, ки ин зарур аст, хуб мо инро иҷро хоҳем кард. Имрӯз ман фармони дахлдорро имзо мекунам", - гуфта буд Путин.
Раисиҷумҳури Русия тавзеҳ дод, ки ин тасмим дар доираи чораҳо барои мубориза бо коронавирус дар кишвар гирифта шуд.