https://sputnik.tj/20210420/tojikistoniyon-may-istirohat-idi-ramazon-1038805858.html
Маълум шуд, тоҷикистониён дар моҳи май чанд рӯз истироҳат мекунанд: якеаш иди Рамазон
Маълум шуд, тоҷикистониён дар моҳи май чанд рӯз истироҳат мекунанд: якеаш иди Рамазон
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистониён имсол дар моҳи май ду иди бузург Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазонро таҷлил мекунанд.
2021-04-20T13:40+0500
2021-04-20T13:40+0500
2021-04-20T16:27+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
осиёи марказӣ
рӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032110854_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_9d50b23a3f4ba8c711da537798301e15.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Мардуми Тоҷикистон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи Пирӯзӣ ва Иди Рамазон дар моҳи май 12 рӯз истироҳат мекунанд.Тибқи қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад.Ҳамин тавр, имсол Рӯзи Пирӯзӣ - 9 май ба рӯзи якшанбеи ҳафта рост меояд ва мувофиқи қонун, рӯзҳои 8, 9 ва 10 май дар Тоҷикистон таътил мебошанд.Бино ба маълумоти пешакӣ, Иди Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи 13 май рост меояд ва ин рӯз низ тибқи қонун рӯзи истироҳат аст.Зимнан, дар моҳи май, шаҳрвандони Тоҷикистон 12 рӯз: 1, 2, 8, 9, 10, 13, 15, 16, 22, 23, 29 ва 30 истироҳат мекунанд.Ногуфта намонад, ки дар Тоҷикистон соли 2016 қонун дар бораи рӯзҳои ид ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.Ёдрас мешавем, ик мардуми Тоҷикистон имсол дар моҳи март, ки замони таҷлил аз яке аз идҳои бузурги кишвар - ҷашни Наврӯз аст, 13 рӯз истироҳат карда буданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032110854_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_0dc360eb904e198b75cefbb41a70de76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иди рамазон, рӯзи ғалаба, рӯзҳои истироҳат
тоҷикистон, иди рамазон, рӯзи ғалаба, рӯзҳои истироҳат
Маълум шуд, тоҷикистониён дар моҳи май чанд рӯз истироҳат мекунанд: якеаш иди Рамазон
13:40 20.04.2021 (Навсозишуда: 16:27 20.04.2021) Имсол дар моҳи май тоҷикистониён ду ҷашни бузург Рӯзи Пирӯзӣ ва иди Рамазонро таҷлил мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Мардуми Тоҷикистон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи Пирӯзӣ ва Иди Рамазон дар моҳи май 12 рӯз истироҳат мекунанд.
Тибқи қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад.
Ҳамин тавр, имсол Рӯзи Пирӯзӣ - 9 май ба рӯзи якшанбеи ҳафта рост меояд ва мувофиқи қонун, рӯзҳои 8, 9 ва 10 май дар Тоҷикистон таътил мебошанд.
Бино ба маълумоти пешакӣ, Иди Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи 13 май рост меояд ва ин рӯз низ тибқи қонун рӯзи истироҳат аст.
Зимнан, дар моҳи май, шаҳрвандони Тоҷикистон 12 рӯз: 1, 2, 8, 9, 10, 13, 15, 16, 22, 23, 29 ва 30 истироҳат мекунанд.
Ногуфта намонад, ки дар Тоҷикистон соли 2016 қонун дар бораи рӯзҳои ид ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.
Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.
Ёдрас мешавем, ик мардуми Тоҷикистон имсол дар моҳи март, ки замони таҷлил аз яке аз идҳои бузурги кишвар - ҷашни Наврӯз аст, 13 рӯз истироҳат карда буданд.