https://sputnik.tj/20210428/muloqot-rais-sughd-botkand-1039120997.html
Мулоқоти раисони Суғд ва Бодканд сари мушкилиҳои марзӣ
Мулоқоти раисони Суғд ва Бодканд сари мушкилиҳои марзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканди Қирғизистон мушкилиҳои мавҷудаи марзиро мавриди баррасӣ қарор додаанд
2021-04-28T16:26+0500
2021-04-28T16:26+0500
2021-06-10T13:43+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
осиёи марказӣ
марз
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1c/1039120074_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_4d126437ce3bef7f4909e4f1e9065229.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Мулоқоти роҳбарони вилоятҳои Суғду Бодканд, зуҳри имрӯз дар минтақаи нейтралии сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шудааст.Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи сарҳадиро, ки зарфи се моҳи охир ба вуҷуд омадаанд ба баррасӣ гузоштаанд. Яке аз ин масъалаҳои ба миёномада мушкили тақсимоти об гуфта шудааст. Дар ин мулоқот Аҳмадзода ва Суваналиев дар бораи бардоштани нерӯҳои мусаллаҳи қудратӣ аз маҳалли аҳолинишини назди сарҳад ва гузоштани назорат ба сарҳадбонони қаторӣ ва кормандони тартиботи ҳифзи ҷамъиятӣ пешниҳод кардаанд. Бино ба гуфтаи Юнусов, дар мулоқот ҷонибҳо як идда масъалаҳои мубрам, аз қабили пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар сарҳад, ҳалли саривақтии обёрии заминҳо, бе дахолати мақомоти қудратӣ ва дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҳал намудани муаммоҳои ба миён омадаро баррасӣ кардаанд. “Ҳар ду ҷониб ҳам изҳор намуданд, ки хостори ҳарчи зудтар барқарор шудани равобити ҳасана дар умури содироту воридоти мол, пешрафти иқтисодиёт ва некуаҳволии халқ ҳастанд”, - гуфт Юнусов. Ёбеду ҷазо диҳед: нотаи Тоҷикистон ба сафири қирғиз барои латукӯби ду мактабхонБа иттилоъи манбаъ дар ҷараёни мулоқот раисони Суғд ва Бодканд ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд масъалаҳои мавҷудбудаи марзӣ ҳар ҳафта дар сатҳи роҳбарони ноҳияҳо ва моҳе ду маротиба аз сӯи раисони вилоятҳо баррасӣ карда шавад. Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20210428/qirghiziston-latukubi-maktabbacha-durugh-1039107739.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1c/1039120074_120:0:840:540_1920x0_80_0_0_e9586bd6dd9ace9626fb8edce700edf5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, бодканд, музокирот, марз, мушкилиҳо, тоҷикистон, қирғизистон
суғд, бодканд, музокирот, марз, мушкилиҳо, тоҷикистон, қирғизистон
Мулоқоти раисони Суғд ва Бодканд сари мушкилиҳои марзӣ
16:26 28.04.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканди Қирғизистон мушкилиҳои мавҷудаи марзиро мавриди баррасӣ қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 28 апр – Sputnik. Мулоқоти роҳбарони вилоятҳои Суғду Бодканд, зуҳри имрӯз дар минтақаи нейтралии сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шудааст.
Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи сарҳадиро, ки зарфи се моҳи охир ба вуҷуд омадаанд ба баррасӣ гузоштаанд.
Яке аз ин масъалаҳои ба миёномада мушкили тақсимоти об гуфта шудааст.
“Ҷонибҳо ба ин мувофиқа расиданд, ки ҳолати обтаъминкунӣ ба мисли солҳои пеш, тибқи Диклоратсияи Алмато “Дар бораи тақсимоти обҳои фаромарзӣ” сурат гирифта ҳар ду тараф ҳам ин санадро қатъиян риоя мекунанд”, - гуфт Юнусов.
Дар ин мулоқот Аҳмадзода ва Суваналиев дар бораи бардоштани нерӯҳои мусаллаҳи қудратӣ аз маҳалли аҳолинишини назди сарҳад ва гузоштани назорат ба сарҳадбонони қаторӣ ва кормандони тартиботи ҳифзи ҷамъиятӣ пешниҳод кардаанд.
Бино ба гуфтаи Юнусов, дар мулоқот ҷонибҳо як идда масъалаҳои мубрам, аз қабили пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар сарҳад, ҳалли саривақтии обёрии заминҳо, бе дахолати мақомоти қудратӣ ва дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҳал намудани муаммоҳои ба миён омадаро баррасӣ кардаанд.
“Ҳар ду ҷониб ҳам изҳор намуданд, ки хостори ҳарчи зудтар барқарор шудани равобити ҳасана дар умури содироту воридоти мол, пешрафти иқтисодиёт ва некуаҳволии халқ ҳастанд”, - гуфт Юнусов.
Ба иттилоъи манбаъ дар ҷараёни мулоқот раисони Суғд ва Бодканд ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд масъалаҳои мавҷудбудаи марзӣ ҳар ҳафта дар сатҳи роҳбарони ноҳияҳо ва моҳе ду маротиба аз сӯи раисони вилоятҳо баррасӣ карда шавад.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.