Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон маълумоти боздошту латукӯби ду мактаббачаи тоҷикро дар марз дурӯғ хонд

© Sputnik / Эмиль СадыровПограничник республики Кыргызстан во время службы. Архивное фото
Пограничник республики Кыргызстан во время службы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ҷониби Тоҷикистон гӯё эътироф кардааст, ки маълумот дар бораи боздошти мактаббачагон дурӯғ аст
Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, маълумот дар бораи латукӯби ду мактаббачаи тоҷик аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон, ки дар сегменти тоҷикии Интернет паҳн карда мешавад, ба воқеият мувофиқат намекунад.
Қайд карда мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон гӯё эътироф кардааст, ки маълумот дар бораи боздошти мактаббачагон дурӯғ аст.
"Пас аз пайдо шудани матолиб дар ВАО, гуфтугӯи телефонӣ байни намояндагони сарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ҷониби Тоҷикистон далели боздошт ва латукӯби мактаббачагони тоҷик аз ҷониби марзбонони Қирғизистонро расман рад кард", - гуфтааст Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Ёдовар мешавем, ки ду хонандаи мактаби ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ҳангоми чаронидани чорво аз сӯи марзбонони қирғиз боздошт ва мавриди латукӯб қарор гирифтаанд.
Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи наздисарҳадии "Тоҷикин"-и ҷамоати Ворух дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи нохуши марзӣ баъд аз зуҳри рӯзи 25 апрел дар мавзеи "Заҳматобод"-и ҷамоат рух додааст.
Дар робита ба ин субҳи имрӯз Вазорати корҳои хориҷии хабар дод, ки ин ниҳод аз лабукӯб шудани ду мактабхон аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз шадидан изҳори нигаронӣ намуда, ба сафири Қирғизистон нота супорид.
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ёбеду ҷазо диҳед: нотаи Тоҷикистон ба сафири қирғиз барои латукӯби ду мактабхон
Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷа, нотаи эътирозиро муовини вазир Музаффар Ҳусейнзода ба дасти Жениш Рустамбеков додааст.
Гуфта мешавад, аснои супоридани нотаи эътирозӣ, Ҳусейнзода ба сафири Қирғизистон таъкид намудааст, ки ин амали ғайриқобили қабул метавонад ба шиддат гирифтани вазъ дар марз боис шавад.
Муовини вазир аз ҷониби Қирғизистон хост, дар кӯтоҳтарин фурсат озордиҳандаҳои ноболиғони тоҷик дарёфту ҷазои сазовор дода шаванд ва ҳамчунин аз натиҷаи ин кор ҳатман ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон хабар расонанд.
Лентаи хабарҳо
0