Ифторе, ки Рамазон Қодиров барои занаш орост - навор

Обуна шудан
Рамазон Қодиров бо писаронаш махсус барои ҳамсар ва занони хонаводааш хӯрок пухтаву ифтор омода кардааст
Дар ин бора худи роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаву наворашро низ нашр кардааст.
"Имрӯз мо бо писарон ба қароре омадем, ки занҳои маҳбуби хонаводаро хурсанд карда, барояшон ифтор омода кунем", - навиштааст Қодиров.
Показ от модного дома дочери Кадырова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2017
"Дурдонаи кӯҳӣ"-и духтари Қодиров: Аишат пӯшокҳои занонаи исломиро ба намоиш гузошт
Ба гуфтаи роҳбари кишвар, хӯрокҳоро асосан писаронаш - Аҳмад, Элӣ ва Адам омода кардаанду тамоми маҳораташонро истифода кардаанд.
"Ман ҳам дар ин тараддуд дар канор намондам ва ба хӯроки омодакардаи писаракон каме ҳанут илова намудам", - шӯхӣ кардааст Қодиров.
Ӯ дар идома қайд кардааст, ки ҳангоми омода кардан заҳмати занонро дар ҳангоми Рамазон ҳис кард, ки чигуна метавонанд маззаи хӯрокро начашида, онро лазиз омода кунанд.
Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон бо ҳамсараш Меднӣ Айдамирова 10 фарзанд, 4 писар ва 6 духтар доранд. Онҳо ду навраси дигарро ба фарзандхонӣ қабул кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0