Коллексияи либосҳои духтари Рамазон Қодиров бо номи "Дудонаи кӯҳӣ"аз 47 либоси дарози мутобиқ бо фарҳанги исломӣ буд, ки аз абрешим, бахмал, шифон ва тӯр дӯхта шудаанд.
Чуноне ки РИА Новости иттилоъ медиҳад, намоиши мӯд дар боғи "Зарядье" рӯзи гузашта дар ҳошияи Mercedes Benz Fashion Week баргузор шуд.
Аишат роҳбари хонаи мӯди Firdaws аст. Пештар ин тарроҳи ҷавон дар Грозний низ коллексияи худро намоиш дода буд.