https://sputnik.tj/20210428/hushdori-hoji-mirzo-doru-gusht-zelen-benzinfurush-1039130005.html
"Риш, сатр, ҳоҷӣ будану 5 вақт намозат дурӯғ": ҳушдори Ҳоҷӣ Мирзо ба қиматфурӯшҳо
"Риш, сатр, ҳоҷӣ будану 5 вақт намозат дурӯғ": ҳушдори Ҳоҷӣ Мирзо ба қиматфурӯшҳо
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоҷӣ Мирзо, руҳонии шинохтаи тоҷик, дар пайи болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз фазилатҳои касби савдогарӣ гуфта, аз оқибати гаронфурӯшӣ ҳушдор додааст
2021-04-28T21:13+0500
2021-04-28T21:13+0500
2021-04-28T22:42+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/79/1029257920_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_542c788a2bff15ace2a97ca188f9946a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ҳоҷӣ Мирзо савдогариро касби пайёмбарӣ хонда, изҳор доштааст, ки нафарони савдогар бисёр нақши муҳимро дар ҷомеъа мебозанд.Ҳамчунин савдогар доим дар хатар ва хавф аст, яъне дар истилои мардум савдогар “риски” калон мекунад, навиштааст Ҳоҷи Мирзо дар матлабе дар рӯзномаи “СССР”. “Имрӯзҳо савдогарон худ мегӯянд кор бисёр душвор шудаст. Чанд сабабҳои дохилию хориҷӣ меорад, яке аз онҳо пасту баланд шудани доллар аст”, - зикр намудааст руҳонии тоҷик. Ӯ афзуд, матлабро аз таърифи савдогар барои он оғоз кард, ки қисман савдогарони боинсофу бораҳм ҳам вуҷуд доранд, вале дар умум савдогари имрӯза шоиставу лоиқи ин таърифро надорад. Руҳонӣ инчунин навиштааст, ки Имом Аҳмади Ҳамбал дар китоби Муснадаш ҳодисаеро аз номи паёмбар (с) меорад, ки кадом тоҷире, ки он маводеро, ки мардум ба вай ниёз дорад кӯшиш кунад, ки нархи ӯро боло барад, Аллоҳ гуфтааст, ки ин гуна савдогарро ман дар болотарини азобам, ҷойгузин мекунам.“Вақте ман тоҷир ё савдогар мегӯям шарт нест, ки гӯям, ки эй доруфурӯш, гӯштфурӯш, мевафурӯш, зеленфурӯш, бензинфурӯш ин ба ҳамаи савдогарон дахл дорад. Баъзе савдогарон мегӯянд, - бобои ҳоҷӣ дар болои моли овардаамон чанд фоиз монему фурӯшем? Бародарон, дини ислом ягон фоизро муайян накардааст”, - таъкид кардааст Ҳоҷӣ Мирзо. Ӯ тавзеҳ додааст, ки дар ислом беҳтарини фоиз ин ҳамон Ислом ё инсофат ҳаст, яъне чи қадар фоизро паст кунӣ ҳамон қадар баланд будани фоизи диндориятро мефаҳмонад. Ин руҳонӣ таъкид намудааст, касе, ки фикри шикамашро кунад ӯ дин надорад, вале касе, ки фикри охираташро кунад, диндор аст.Ҳоҷӣ Мирзо бо зикри пандемия таъкид намудаст, ки пайдо кардани маблағ бисёр мушкил шудааст. “Имрӯзҳо на танҳо дунболи фоида нагардем, балки саховату дастгириро пеша кунем. Чи гунае, ки дар байни 12-моҳ моҳи Рамазон дар гирифтани савоб фарқ мекунад, яъне дар ғайри Рамазон 1 кори савоб 10-дараҷа аҷр дошту дар рамазон 1 аъмоли хайр 700-савоб дорад”, - таъкид намудааст Ҳоҷӣ. Ӯ дар хитоб ба савдогарон афзудааст, фаромӯш накунед, ки ин рӯзҳо мегузарад, вале номи шумо ё ба бадӣ ё ба некӣ боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20210427/govu-gusfandhoi-tilloi-narhhoi-gazandai-gusht-az-kujo-paydo-meshavand--tahlil-va-omor-1039094922.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/79/1029257920_243:157:2256:1667_1920x0_80_0_0_ebb9ad4e1acdf927bfc250968de5309c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, болоравӣ, ҷумҳурӣ
"Риш, сатр, ҳоҷӣ будану 5 вақт намозат дурӯғ": ҳушдори Ҳоҷӣ Мирзо ба қиматфурӯшҳо
21:13 28.04.2021 (Навсозишуда: 22:42 28.04.2021) Ҳоҷӣ Мирзо, руҳонии шинохтаи тоҷик, дар пайи болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз фазилатҳои касби савдогарӣ гуфта, аз оқибати гаронфурӯшӣ ҳушдор додааст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ҳоҷӣ Мирзо савдогариро касби пайёмбарӣ хонда, изҳор доштааст, ки нафарони савдогар бисёр нақши муҳимро дар ҷомеъа мебозанд.
Ҳамчунин савдогар доим дар хатар ва хавф аст, яъне дар истилои мардум савдогар “риски” калон мекунад, навиштааст Ҳоҷи Мирзо дар матлабе дар рӯзномаи “СССР”.
“Имрӯзҳо савдогарон худ мегӯянд кор бисёр душвор шудаст. Чанд сабабҳои дохилию хориҷӣ меорад, яке аз онҳо пасту баланд шудани доллар аст”, - зикр намудааст руҳонии тоҷик.
Ӯ афзуд, матлабро аз таърифи савдогар барои он оғоз кард, ки қисман савдогарони боинсофу бораҳм ҳам вуҷуд доранд, вале дар умум савдогари имрӯза шоиставу лоиқи ин таърифро надорад.
Руҳонӣ инчунин навиштааст, ки Имом Аҳмади Ҳамбал дар китоби Муснадаш ҳодисаеро аз номи паёмбар (с) меорад, ки кадом тоҷире, ки он маводеро, ки мардум ба вай ниёз дорад кӯшиш кунад, ки нархи ӯро боло барад, Аллоҳ гуфтааст, ки ин гуна савдогарро ман дар болотарини азобам, ҷойгузин мекунам.
“Вақте ман тоҷир ё савдогар мегӯям шарт нест, ки гӯям, ки эй доруфурӯш, гӯштфурӯш, мевафурӯш, зеленфурӯш, бензинфурӯш ин ба ҳамаи савдогарон дахл дорад. Баъзе савдогарон мегӯянд, - бобои ҳоҷӣ дар болои моли овардаамон чанд фоиз монему фурӯшем? Бародарон, дини ислом ягон фоизро муайян накардааст”, - таъкид кардааст Ҳоҷӣ Мирзо.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки дар ислом беҳтарини фоиз ин ҳамон Ислом ё инсофат ҳаст, яъне чи қадар фоизро паст кунӣ ҳамон қадар баланд будани фоизи диндориятро мефаҳмонад.
“Яъне, сода карда гӯем, касоне, ки фақат барои боло бурдани нарх талош мекунанд, тавфиқат, даъвои диндорият, ё ришдорият ё сатрдорият, ё ҳоҷи буданат, ё мегӯӣ, ки ман мусалмони 5-вақтаям, яъне намозамро тарк намекунам, ҳамааш ботил аст, дурӯғ аст”, - таъкид намудааст Ҳоҷӣ Мирзо.
Ин руҳонӣ таъкид намудааст, касе, ки фикри шикамашро кунад ӯ дин надорад, вале касе, ки фикри охираташро кунад, диндор аст.
Ҳоҷӣ Мирзо бо зикри пандемия таъкид намудаст, ки пайдо кардани маблағ бисёр мушкил шудааст.
“Имрӯзҳо на танҳо дунболи фоида нагардем, балки саховату дастгириро пеша кунем. Чи гунае, ки дар байни 12-моҳ моҳи Рамазон дар гирифтани савоб фарқ мекунад, яъне дар ғайри Рамазон 1 кори савоб 10-дараҷа аҷр дошту дар рамазон 1 аъмоли хайр 700-савоб дорад”, - таъкид намудааст Ҳоҷӣ.
Ӯ дар хитоб ба савдогарон афзудааст, фаромӯш накунед, ки ин рӯзҳо мегузарад, вале номи шумо ё ба бадӣ ё ба некӣ боқӣ мемонад.