Рынок Панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Охирин хабару гузоришҳо аз нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро метавонед аз ин пайванд пайдо кард

“Гову гӯсфандҳои тиллоӣ”: нархҳои газандаи гӯшт аз куҷо пайдо мешаванд? – таҳлил ва омор

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Мехргон
Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Бино ба як таҳқиқ, барои он ки як кило гӯшт сари ғурфаи гӯштфурӯш расад, беш аз 50 сомонӣ харҷ зарур аст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik, Фахриддини Холбек. Омор аз афзоиши истеҳсоли гӯшт тайи семоҳаи аввали соли равон ривоят мекунад, аммо ин афзоиш таъсире ба бозор надошт ва нархи ин маҳсули кишоварзӣ якбора боло хест.
Тибқи иттилои расмӣ, тайи семоҳаи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон 18,5 ҳазор тон (35,5 ҳазор тон дар вазни зинда) гӯшти чорвои калону майда тавлид шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 0,8 ҳазор тон (18,5 - 17,7) ё 4,5 фоиз зиёд аст.
Аммо ба 21 апрели соли равон нархи як кило гӯшти гов дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 55 то 60, гӯшти гӯсфанд то 65 сомонӣ, вилоятҳои Суғд гӯшти гов аз 55 то 60, гӯшти гӯсфанд аз 65 то 75 сомонӣ, Хатлон гӯшти гов аз 58 то 60, гӯшти гӯсфанд аз 68 то 69 ва Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон гӯшти гов аз 47 то 48 ва гӯшти гӯсфанд 48 сомониро ташкил дод.
Продукты российского производства на витрине магазина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Ин “саботаж” нест: чаро нархи равған хест? – таҳқиқ ва омор
Нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе дар қиёс бо моҳи март аз 5 то 10 сомонӣ ё аз 10 то 18,2 фоиз боло рафт.

Харҷу харҷ

Аз сӯҳбат бо чорводорон ва гӯштфурӯшон маълум мешавад, ки барои ба забҳ омода кардани як гов ё гӯсфанд ва баровардани гӯшти онҳо сари ғурфаи бозорҳо як қатор хароҷотро бояд ба анҷом расонд. Аммо ин хароҷот, ки умдатан хӯрокаи ҳайвон ва раҳкироро дарбар мегиранд, низ тайи як соли гузашта ба гунаи назаррас дастхуши тағйиру таҳаввул шудаанд.
Аз ҷумла дар ин миён арзиши як дона преси алафи табиӣ ва юнучқа аз 20 то 35 сомонӣ ё 75,0%, 1 кило кунҷора аз 3 – 3,5 то 4,00 – 4,80 сомонӣ, ё 33,3 то 37,1 фоиз боло рафтааст.
Дар баробари ин, қимати килои хӯроки дурушт аз 5 то 15 – се баробар, хӯроки омехта (кунҷора) аз 0,80 дирам то 1,60 сомонӣ – ду баробар афзудаанд, ки ин болоравӣ дар қиёс бо гузаштаҳо собиқа надоштааст.
Сардиҳои зимистони имсола ва боришоти пай дар пайи барф дар моҳи март низ ба болоравии нархи хӯроки чорво бетаъсир набудааст.
Ослабление карантинного режима в городах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Нархи гӯшт дар вилояти Хатлон ба 60 сомонӣ расид
Хароҷоти ҳамлу нақли як сар чорво низ афзуд. Ба гунаи мисол, агар дар гузашта як сар чорворо аз бозорҳои вилояти Хатлон (Бохтар ва Ҷайҳун) то шаҳри Душанбе мешуд ба 50 сомонӣ интиқол дод, як – ду моҳи ахир роҳкиро то 100 – 150 сомонӣ гарон шуд.
Ба ҳамин минвол, нархи як кило гӯшти гов то ин ки ба ғуфраи бозор расад, ҳудуди 50 – 55 сомониро ташкил медиҳад ва ин ҳам бидуни назардошти он, ки дар дохили бозор ва ҳангоми фурӯш низ харҷҳои маълуму пешбининашавандае вуҷуд доранд.
Огаҳони ҳол табодули моли зинда миёни мардуми марзнишини Тоҷикистону Қирғизистонро, ки расмиву ғайрирасмӣ сурат мегирифт, низ аз авомили таъсиргузор ба бозори моли мазкур унвон мекунанд.
Замоне, ки ин гузориш таҳия мешуд, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Исфара ба иттиҳоми қочоқи ғайриқонунии 48 сар чорвои калони шохдор аз Қирғизистон хабар дод.
Зимнан, Қирғизистон, танҳо ҳамсояи Тоҷикистон, ки дар гузашта моли калони шохдорашро содир мекард, соли гузашта содироташро ба Ӯзбекистону Тоҷикистон манъ намуд. Қазоқистон низ содироташро ба Ӯзбекистон қатъ намуд. Худи Ӯзбекистон гӯшт содир намекунад, зеро захираҳояш барои талаботи дохилиаш кофӣ нест.
Содироти гӯшт аз Тоҷикистон низ манъ аст. Ҳукумат воридоти чорвои зотиро чанд сол аст, ки аз пардохтҳои гумрук озод кардааст. Бо ин ҳама вазъ ҳамон аст, ки мебинем.

Ҳама ҷо – як вазъ

Дар ҳамин ҳол, фақат гову гӯсфандҳои Тоҷикистон, ба истилоҳ, “тилоӣ” ва нархҳояш “газанда” нестанд. Дар кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ болоравии нархи гӯшт мушоҳида мешавад. Агар ба зарфияту имкониятҳое, ки он кишварҳо доранд, мурур шавад, аён мегардад, ки ҳамоно вазъи Тоҷикистон он қадар бад нест.
Тибқи иттилои Агентии омор, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 2 миллиону 404,1 ҳазор моли калони шохдор ва 6 миллиону 020,3 ҳазор гӯсфанду буз дорад. Агар танҳо моли калони шохдорро сари аҳолии кишвар (9 миллиону 504 ҳазор нафар) тақсим кунем, ба ҳар кас 0,25-сарӣ мерасад.
Открытие мясного магазина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Иқдоми шаҳрдорӣ барои таъмини фаровонию арзонии гӯшт дар арафаи Рамазон
Ӯзбекистон, кишваре, ки ҳам аз лиҳози хошок ва ҳам даштҳои васеву чарогоҳҳо аз имкониятҳои қобили мулоҳиза бархӯрдор аст, тибқи омори расмӣ, 12 миллиону 611,8 ҳазор сар моли калони шохдор дорад, ки ба ҳар сокинаш (33,58 миллион (2019) нафар) 0, 37-сарӣ рост меояд.
Қирғизистон 1 миллиону 715 ҳазору 776 моли калони шохдор ва 6 миллиону 457 ҳазор (2019) аҳолӣ дорад. Ба як нафар 0,26 сар. Ё дар Қазоқистон, ки даштҳои васеъ ва шароити хуби чорводорӣ дорад, тибқи омори расмӣ, 7 миллиону 436,4 ҳазор моли калони шохдор сабт шудааст ва 0,40-сарӣ ба ҳар як нафар (аҳолиаш 18,51 миллион (2019) рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳо бино ба мулоҳизаҳои маълум, ин гуна маълумотро ҳеҷ гоҳ дақиқу дуруст ва мушаххас ироа намекунанд, аз ин хотир, зарфияту захираҳо ва саршумори чорвои кишварҳо метавонад бештар аз он бошад, ки дар омори расмӣ пешниҳод шудааст.
Ба ҳамин минвол, ҳоло дар Тошканд нархи як кило гӯшти гов 5,7 (65 сомонӣ) ва гӯсфанд 7,5 доллар (85,5 сомонӣ) аст. Ё дар Бишкек гӯшти гов ба 5,4 (61,6 сомонӣ) ва гӯсфанд ба 6,8 доллар (77,5 сомонӣ) расид. Дар Алма-ато низ як кило гӯшти гов ба 4,66 (53 сомонӣ) ва гӯшти гӯсфанд ба 4,5 доллар (51,3 сомонӣ) расида, дар қиёс бо соли 2020 дар ин кишвар мутаносибан 8 ва 16, 2 дарсад афзоиш дида мешавад.
Хулоса, бино ба як ҳикмати мардумӣ, “хурӯс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад”.
Аммо он чӣ хоси Тоҷикистон аст, маоши ҳадди миёна аст, ки бино ба додаҳои гуногун, ҳудуди 140 доллар, аммо дар Ӯзбекистон – 220, Қирғизистон – 285 ва Қазоқистон – 523 будааст. Шояд аз ин хотир, ҳар гуна афзоиши нарх дар ин кишвар хеле бо дард қабул мешавад, ҳарчанд ин кишвар солҳост, ки аз маблағҳои интиқолии муҳоҷирин вобаста аст ва сатҳи некӯаҳволии худро ҳам ба воқеиятҳои хориҷ аз омор таъмин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0