Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва Шералӣ Мирзо: вазири дифои Русия дар Душанбе

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу во время осмотра экспозиции выставки вооружений
Министр обороны РФ Сергей Шойгу во время осмотра экспозиции выставки вооружений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дар Душанбе бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо мулоқот хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи душанбе бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии Вазорати дифои Русия.
Дар назар аст, ки 27 апрел ӯ дар кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ширкат мекунад.
Министр обороны РФ, генерал армии Сергей Шойгу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Шойгу гуфт дар барқарор шудани муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ӯ низ саҳм дошт
Дар баробари ин, дар Душанбе вохӯрии дуҷонибаи Сергей Шойгу бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба нақша гирифта шудааст.
Вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД-ро ҳамчнуин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишвраҳои узви САДД дар Кохи афсарони пойтахт доир гардида, дар он масоили таъмини амнияти низомӣ, муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ва тадбирҳои рафъи онҳо баррасӣ мешавад.
Ответ нато: россия перебрасывает войска на западные рубежи в ответ на угрозы альянса - youtube
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Шойгу сабаби интиқол додани нерӯҳои Русия ба марзҳои ғарбиро шарҳ дод - навор
Инчунин доир ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СААД табодули назар сурат мегирад.
Ёдрас мешавем, ки ба СААД Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.
Соли 2021 СААД-ро Тоҷикистон раисӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0