https://sputnik.tj/20210317/Shoygu-sahm-munokisha-tojikiston-uzbekiston-1033017620.html
Шойгу гуфт дар барқарор шудани муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ӯ низ саҳм дошт
Шойгу гуфт дар барқарор шудани муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ӯ низ саҳм дошт
Sputnik Тоҷикистон
Муайян гардидааст, ки Сергей Шойгу вазири мудофиаи Русия дар бартараф шудани муноқишаҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳм гузоштааст 17.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-17T17:05+0500
2021-03-17T17:05+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
сиёсат
ӯзбекистон
муноқиша
сергей шойгу
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/74/1027177478_0:103:2673:1607_1920x0_80_0_0_dc59a246bfea32f4020631ae5dc40362.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Шойгу аз саҳми худ дар барқарор шудани муносибатҳои хуб миёни ин ду кишвар, дар мусоҳиба ба Тенгринюс хабар дод.Ба изҳори вазири рус, ӯ муддати 30 сол ба ҳайати ҳукумат шомил аст ва дар бисёр масъалаҳо, аз ҷумла бартараф кардани муноқишаҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳм гузоштааст.Сергей Шойгу инчунин илова намудаст, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шахсан мешиносад, зеро солҳои 1993 - 94, ӯ дар Тоҷикистон ба корҳои сулҳҷӯёна ва башардӯстона машғул буд.Бояд гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1995 сард шуданд. Нахуст, нофаҳмиҳо сари масоили тиҷоратӣ бархост ва сипас сохтмони Неругоҳи барқӣ - обии "Роғун" якбора муносибҳоро дурушттар кард.Тошканд аз он нигарон буд, ки бо сохтмони ин неругоҳ заминҳои кишти Ӯзбекистон бе об мемонанд. Аз ин рӯ, якбора постгоҳҳои марзӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистонро баст.Танҳо сар аз соли 2017, аниқтараш пас аз сари қудрат омадани кишвардори феълӣ Шавкат Мирзиёев муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ранги дигар гирифт.Ӯзбекистон сохтмони як беморхонаро дар Тоҷикистон ба анҷом расонидБа илова боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ, ҳамчунин равобити ҳавоӣ низ барқарор шуд. Ҳоло шаҳрвандони ҳар ду кишвар озодона ба қаламрави давлатҳои ҳамдигар омадурафт мекунанд.Танҳо имсол бинобар авҷи маризии коронавирус, постгоҳҳо ва парвозҳои ҳавопаймоӣ муваққатан баста монданд.
https://sputnik.tj/20210317/Shoygu-Afqoniston-nigaron-1033013431.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/74/1027177478_0:0:2673:2006_1920x0_80_0_0_066a41479fdd0333a89f20c2ec299dbb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, сиёсат , ӯзбекистон, муноқиша, сергей шойгу, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар русия, сиёсат , ӯзбекистон, муноқиша, сергей шойгу, дар тоҷикистон
Шойгу гуфт дар барқарор шудани муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ӯ низ саҳм дошт
17:05 17.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Муайян гардидааст, ки Сергей Шойгу вазири мудофиаи Русия дар бартараф шудани муноқишаҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳм гузоштааст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Шойгу аз саҳми худ дар барқарор шудани муносибатҳои хуб миёни ин ду кишвар, дар мусоҳиба ба Тенгринюс хабар дод.
Ба изҳори вазири рус, ӯ муддати 30 сол ба ҳайати ҳукумат шомил аст ва дар бисёр масъалаҳо, аз ҷумла бартараф кардани муноқишаҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳм гузоштааст.
Сергей Шойгу инчунин илова намудаст, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шахсан мешиносад, зеро солҳои 1993 - 94, ӯ дар Тоҷикистон ба корҳои сулҳҷӯёна ва башардӯстона машғул буд.
Бояд гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1995 сард шуданд. Нахуст, нофаҳмиҳо сари масоили тиҷоратӣ бархост ва сипас сохтмони Неругоҳи барқӣ - обии "Роғун" якбора муносибҳоро дурушттар кард.
Тошканд аз он нигарон буд, ки бо сохтмони ин неругоҳ заминҳои кишти Ӯзбекистон бе об мемонанд. Аз ин рӯ, якбора постгоҳҳои марзӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистонро баст.
Танҳо сар аз соли 2017, аниқтараш пас аз сари қудрат омадани кишвардори феълӣ Шавкат Мирзиёев муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ранги дигар гирифт.
Ба илова боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ, ҳамчунин равобити ҳавоӣ низ барқарор шуд. Ҳоло шаҳрвандони ҳар ду кишвар озодона ба қаламрави давлатҳои ҳамдигар омадурафт мекунанд.
Танҳо имсол бинобар авҷи маризии коронавирус, постгоҳҳо ва парвозҳои ҳавопаймоӣ муваққатан баста монданд.