https://sputnik.tj/20210422/turkiya-mahdudiyat-seruz-jori-kard-1038970572.html
Туркия маҳдудияти серӯза ҷорӣ кард: баромадан аз хона манъ аст
Туркия маҳдудияти серӯза ҷорӣ кард: баромадан аз хона манъ аст
Sputnik Тоҷикистон
Ба шаҳрвандони Туркия муддати се рӯз баромадан аз хона манъ шудааст 22.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-22T21:00+0500
2021-04-22T21:00+0500
2021-08-10T17:01+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
туркия
маризӣ
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101947/74/1019477472_0:0:1962:1105_1920x0_80_0_0_8ae5c3617f9b6f6f3ca755fa47aab4b3.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Шаҳрвандони Туркия дар ин се рӯз танҳо барои хариди ғизову дору ва ба ҳавохӯрӣ баровардани ҳайвонҳои хонагӣ иҷозат доранду халос.Чунин маҳдудият пас аз он ҷорӣ шуд, ки вазъи коронавирус дар ин кишвар торафт шадидтар гашт.Вазорати умури дохилии Туркия мегӯяд, сокинони кишвар сар аз 23 апрел то якшанбеи 25 апрел ҳаққи бидуни зарурат аз манзил баромаданро надоранд.Истисно танҳо барои хариди хӯрокворӣ, рафтан назди пизишкон ва ҳамчунин сайругашт додани сагҳо мебошад.Ҷорӣ гардидани маҳдудият дар ҳолест, ки рӯзи 23 апрел дар Туркия Рӯзи истиқлолияти миллӣ аст.Аммо ҳукумати Туркия барои ба эътидол овардани вазъ ҳамагуна маъракаҳои оммавиро манъ намуд. Рӯзи гузашта теъдоди қурбониёни маризии коронавирус ба ҳади рекордӣ расид 362 мариз дар як рӯз ҷон аз даст доданд , ки ин рақам аз замони авҷи пандемия бесобиқа буд.Илова бар ин, ҳамарӯза то 60 ҳазор мавориди нави коронаиврус сабт мешавад. Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар Туркия зиёда аз 4,4 миллион беморони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 36.975 нафар фавтидаанд. Қаблан, Русия бинобар бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Туркия, сар аз 15 апрел то 1 июн равобити ҳавоӣ бо ин кишварро маҳдуд кард.
https://sputnik.tj/20210410/ehtimoli-qat-shudani-parvozhoi-miyoni-rusiya-va-turkiya-1035212029.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101947/74/1019477472_326:0:1962:1227_1920x0_80_0_0_17fedaa809870a9d630fdc639b7d7d63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, тандурустӣ, туркия, маризӣ, коронавирус
дар ҷаҳон, тандурустӣ, туркия, маризӣ, коронавирус
Туркия маҳдудияти серӯза ҷорӣ кард: баромадан аз хона манъ аст
21:00 22.04.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Ба шаҳрвандони Туркия муддати се рӯз баромадан аз хона манъ шудааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Шаҳрвандони Туркия дар ин се рӯз танҳо барои хариди ғизову дору ва ба ҳавохӯрӣ баровардани ҳайвонҳои хонагӣ иҷозат доранду халос.
Чунин маҳдудият пас аз он ҷорӣ шуд, ки вазъи коронавирус дар ин кишвар торафт шадидтар гашт.
Вазорати умури дохилии Туркия мегӯяд, сокинони кишвар сар аз 23 апрел то якшанбеи 25 апрел ҳаққи бидуни зарурат аз манзил баромаданро надоранд.
Истисно танҳо барои хариди хӯрокворӣ, рафтан назди пизишкон ва ҳамчунин сайругашт додани сагҳо мебошад.
Ҷорӣ гардидани маҳдудият дар ҳолест, ки рӯзи 23 апрел дар Туркия Рӯзи истиқлолияти миллӣ аст.
Аммо ҳукумати Туркия барои ба эътидол овардани вазъ ҳамагуна маъракаҳои оммавиро манъ намуд.
Рӯзи гузашта теъдоди қурбониёни маризии коронавирус ба ҳади рекордӣ расид 362 мариз дар як рӯз ҷон аз даст доданд , ки ин рақам аз замони авҷи пандемия бесобиқа буд.
Илова бар ин, ҳамарӯза то 60 ҳазор мавориди нави коронаиврус сабт мешавад. Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар Туркия зиёда аз 4,4 миллион беморони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 36.975 нафар фавтидаанд.
Қаблан, Русия бинобар бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Туркия, сар аз 15 апрел то 1 июн равобити ҳавоӣ бо ин кишварро маҳдуд кард.