Тоҷикистон содироти пахтаву барқро афзоиш дод

© SputnikСбор урожая хлопка в Турсунзаде
Сбор урожая хлопка в Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Тоҷикиастон нисбат ба ҳамин давраи соли пеш ба маблағи 16 миллион доллар бештар пахта содир кардааст
ДУШАНБЕ, 27 апрел - Sputnik. Агентии омори Тоҷикистон аз афзоиши содироти пахта ва барқ дар се моҳи нахусти имсол хабар дод.
Бино бар иттилои ин ниҳод, содироти барқи Тоҷикистон дар се моҳи нахусти имсол 9 миллиону 700 ҳазор доллар арзоварӣ доштааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш наздик ба 3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин дар ин муддат аз Тоҷикистон 52 миллиону 600 ҳазор доллар пахта содир шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2020 наздик ба 16 миллион доллар бештар аст.
Телефонный столб с проводами. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Барои таъмир баромад, аммо барқ заду кушт: ҳалокати як ҷавон дар ноҳияи Спитамен
Бо ин ҳол коршиносон аз ин ки 75 дарсади пахтаи Тоҷикистон ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад ибрози нигаронӣ мекунанд, зеро ин кишвар либоси тавлидшуда аз пахтаи содиротии худро се баробар гаронтар ворид мекунад.
Бо вуҷуди исрори мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи зарурати коркарди пахта дар дохили кишвар ва коҳиши фурӯши ашёи хом дар 20 соли охир, ҳеҷ тағире ба назар нарасидааст.
Лентаи хабарҳо
0