https://sputnik.tj/20210412/-barq-zadu-kusht-halokati-yak-javon-1035406185.html
Барои таъмир баромад, аммо барқ заду кушт: ҳалокати як ҷавон дар ноҳияи Спитамен
Барои таъмир баромад, аммо барқ заду кушт: ҳалокати як ҷавон дар ноҳияи Спитамен
Sputnik Тоҷикистон
Ин ҳодисаи мудҳиш шоми дирӯз 11 апрел дар ноҳияи Спитамен рух додааст ва онро мақомоти милитсия низ ба қайд гирифтааст.
2021-04-12T18:17+0500
2021-04-12T18:17+0500
2021-04-12T18:58+0500
дар тоҷикистон
ҳодисаи нохуш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102213/79/1022137986_0:196:1921:1276_1920x0_80_0_0_6b29754120174e6846c02ed76d5deca8.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Ин ҳодисаи мудҳиш шоми дирӯз 11 апрел дар ноҳияи Спитамен рух додааст ва онро мақомоти милитсия низ ба қайд гирифтааст. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин иттилоъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавоне, ки дар пайи таъмири барқ ба ҳалокат расидааст, сокини ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен будааст. “Соати 18: 10 дақиқа дар назди ҳавлии истиқоматиаш худсарона ба симчӯби барқӣ барои таъмир баромада, аз беэҳтиётии худ аз зарбаи шиддати қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - гуфт Шарифӣ. Бино ба иттилои манобеъ аз ноҳияи Спитамен ҷавоне, ки аз зарбаи барқ ҷон супурд Сафаров Юсуф, будааст. “Марҳум ҳамагӣ 23 сол дошт ва ҳанӯз муҷаррад буд”, гуфт манбаъ. Бино ба иттилоъи САҲШ вилояти Суғд, давоми даҳ моҳи соли 2020, 10 ҳазору 537 ҳолати фавти сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли қаблӣ 1294 маврид, ё 11, 2 % бештар будааст.
https://sputnik.tj/20210412/barhurd-mercedes-marg-sadama-khatlon-1035305086.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102213/79/1022137986_0:0:1701:1276_1920x0_80_0_0_1e21de139cc0fbcd32fba997aa4f624e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳодисаи нохуш
дар тоҷикистон, ҳодисаи нохуш
Барои таъмир баромад, аммо барқ заду кушт: ҳалокати як ҷавон дар ноҳияи Спитамен
18:17 12.04.2021 (Навсозишуда: 18:58 12.04.2021) Дар ноҳияи Спитамен ҷавоне барои таъмири барқи хона ба симчӯб баромада, вале аз беэҳтиётӣ аз зарбаи шиддати барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Ин ҳодисаи мудҳиш шоми дирӯз 11 апрел дар ноҳияи Спитамен рух додааст ва онро мақомоти милитсия низ ба қайд гирифтааст.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин иттилоъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавоне, ки дар пайи таъмири барқ ба ҳалокат расидааст, сокини ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен будааст.
“Соати 18: 10 дақиқа дар назди ҳавлии истиқоматиаш худсарона ба симчӯби барқӣ барои таъмир баромада, аз беэҳтиётии худ аз зарбаи шиддати қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - гуфт Шарифӣ.
Бино ба иттилои манобеъ аз ноҳияи Спитамен ҷавоне, ки аз зарбаи барқ ҷон супурд Сафаров Юсуф, будааст.
“Марҳум ҳамагӣ 23 сол дошт ва ҳанӯз муҷаррад буд”, гуфт манбаъ.
Бино ба иттилоъи САҲШ вилояти Суғд, давоми даҳ моҳи соли 2020, 10 ҳазору 537 ҳолати фавти сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли қаблӣ 1294 маврид, ё 11, 2 % бештар будааст.