https://sputnik.tj/20210427/qadrdoni-khf-zafari-nurali-medal-1039082660.html
Қадрдонии раҳбарияти КҲФ аз Зафари Нуралӣ бо медал: духтари 22-соларо аз марг наҷот дод
Қадрдонии раҳбарияти КҲФ аз Зафари Нуралӣ бо медал: духтари 22-соларо аз марг наҷот дод
Sputnik Тоҷикистон
Зафари Нуралӣ духтари 22-соларо, аз ғарқшавӣ дар канали Ҷайҳуни ноҳияи Бохтар наҷот дода буд.
2021-04-27T15:00+0500
2021-04-27T15:00+0500
2021-04-27T15:07+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
наҷот
кҳф
қадрдонӣ
донишҷӯ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039080730_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_daab920aa3440efebc4339f9feb0bb36.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, полковник Сулаймон Исозода дар ҳузури раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин аз Зафари Нуралӣ қадрдонӣ кард.Зафари Нуралӣ - донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён мебошад. Ӯ бо медали ҳамкорӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ қадрдонӣ карда шуд.Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Зафари Нуралӣ рӯзи 19-уми апрели соли равон сокини шаҳри Норак Шабнам Сафароваи 22-соларо, аз марг наҷот дод.Бону ҳангоми сайругашт дар соҳили канали Ҷайҳуни ноҳияи Бохтар аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд.Ва ин шуҷоати ҷавони донишҷӯ аз назари роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонд."Қаҳрамонанд": худкушии наврас ва марги 2 сарбоз дар талоши наҷотМаросими эътои медал дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо ҳузури ҷамъе аз донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ баргузор шуд.Ёдрас мешавем, ки рӯзе пеш аз ҳодисаи ғарқшавии духтари 22-сола дар Бохтар, модари ҷавон, зимни гирифтани об аз канали деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон, духтарчаашро аз даст дод.Замоне, ки модар об мегирифт, духтарча ба оби канал сарозер мешавад ва модар саросемавор худро ба об мезанад, аммо кӯдакашро наҷот дода наметавонад.Ин ҳолро талабаи синфи 11, сокинаи деҳаи мазкур дида, худро ба об меандозаду модарро наҷот медиҳад. Ҷасади духтарча рӯзи дигар 500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд.Ин ҳаводис дар ҳолест, ки ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ҳолатҳои ғарқшавии кӯдакону ноболиғон дар ҳавзу дарёҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбанд. КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранду аз оббозӣ дар маконҳое, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд, худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20210427/marg-shikorchi-rudi-panj-1039069630.html
https://sputnik.tj/20210304/Sarbozon-dukhtari-20-solaro-najot-dodand-1032940092.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039080730_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_c6111d04f6686c0b164e3ec27931c193.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф, наҷот, қадрдонӣ, донишҷӯ,
кҳф, наҷот, қадрдонӣ, донишҷӯ,
Қадрдонии раҳбарияти КҲФ аз Зафари Нуралӣ бо медал: духтари 22-соларо аз марг наҷот дод
15:00 27.04.2021 (Навсозишуда: 15:07 27.04.2021) Зафари Нуралӣ духтари 22-соларо, аз ғарқшавӣ дар канали Ҷайҳуни ноҳияи Бохтар наҷот дода буд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, полковник Сулаймон Исозода дар ҳузури раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин аз Зафари Нуралӣ қадрдонӣ кард.
Зафари Нуралӣ - донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён мебошад.
Ӯ бо медали ҳамкорӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ қадрдонӣ карда шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Зафари Нуралӣ рӯзи 19-уми апрели соли равон сокини шаҳри Норак Шабнам Сафароваи 22-соларо, аз марг наҷот дод.
Бону ҳангоми сайругашт дар соҳили канали Ҷайҳуни ноҳияи Бохтар аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд.
Ва ин шуҷоати ҷавони донишҷӯ аз назари роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонд.
Маросими эътои медал дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо ҳузури ҷамъе аз донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ баргузор шуд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзе пеш аз ҳодисаи ғарқшавии духтари 22-сола дар Бохтар, модари ҷавон, зимни гирифтани об аз канали деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон, духтарчаашро аз даст дод.
Замоне, ки модар об мегирифт, духтарча ба оби канал сарозер мешавад ва модар саросемавор худро ба об мезанад, аммо кӯдакашро наҷот дода наметавонад.
Ин ҳолро талабаи синфи 11, сокинаи деҳаи мазкур дида, худро ба об меандозаду модарро наҷот медиҳад. Ҷасади духтарча рӯзи дигар 500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд.
Ин ҳаводис дар ҳолест, ки ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ҳолатҳои ғарқшавии кӯдакону ноболиғон дар ҳавзу дарёҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбанд. КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранду аз оббозӣ дар маконҳое, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд, худдорӣ намоянд.