https://sputnik.tj/20210304/Sarbozon-dukhtari-20-solaro-najot-dodand-1032940092.html
Шуғнон: Сарбозон духтари 20-соларо, ки худро ба дарёи Панҷ андохт, наҷот доданд
Шуғнон: Сарбозон духтари 20-соларо, ки худро ба дарёи Панҷ андохт, наҷот доданд
Sputnik Тоҷикистон
Сарбозони Дидбонгоҳи сарҳадии рақами 9-и деҳаи Тишори ҷамоати Поршинев духтари 20 -соларо аз марг наҷот доданд 04.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-04T14:47+0500
2021-03-04T14:47+0500
2021-03-04T15:39+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
наҷотдиҳӣ
вмкб
ғарқшавӣ
сарбозон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101572/07/1015720717_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_c4b370fb69941ec82e9eb4d23bbeadc6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ин ҳодиса рӯзи 3-юми март, шомгоҳ соати 18:15 дар Ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон рух дод. Дар ин бора сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Бино ба гузориши манбаъ, духтари 20 - сола, ба қасди худкушӣ, худро ба қаъри дарёи Панҷ мепартояд.Ҳамин тавр, сарбозон ҷони духтари ҷавонро аз марг наҷот медиҳанд.Ин амал мардонагӣ ва инсондӯстии сарбозони ватанро нишон медиҳад, ки ба хатари ба ҷони онҳо таҳдидкунанда нигоҳ накарда, ҳаёти каси дигарро наҷот доданд ва ин кирдор боиси таҳсину офарини сарбозон, командирон ва волидайни онҳо мебошад.Ёдовар мешавем, ки чунин ҳодиса соли гузашта дар маркази ноҳия Рушон -деҳаи Вомар низ рух дода буд.Он замон дар натиҷаи кӯшиши наҷот додани ҳаёти шаҳрванд Давлатмамадов Нуралӣ Бахталиевич, мутаассифона сержанти хурд Ятимов Сироҷиддин Сангинович аз шаҳри Душанбе ва сарбози қаторӣ Воҳидов Қандилшо Искандарович аз вилояти Хатлон ҷони худро аз даст доданд.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба сарбозон, волидайн ва роҳбарияти сарҳадбонон миннатдории самимии худро баён намуда, ба аҳли оилаи сарбозоне, ки порсол дар роҳи мардонагӣ ҷони худро аз даст доданд, бори дигар изҳори тасалият ва ҳамдардиро баён менамояд.Манбаъ афзуд, ки чунин амали родмардони Ватан ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо пок нахоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20201003/Qahramonand-khudkushii-kudak-va-margi-2-sarboz-dar-taloshi-najoti-u-1032013703.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101572/07/1015720717_50:0:2759:2032_1920x0_80_0_0_dbe74c8f4cb0f8e59542c15be5363806.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, наҷотдиҳӣ, вмкб, ғарқшавӣ, сарбозон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, наҷотдиҳӣ, вмкб, ғарқшавӣ, сарбозон
Шуғнон: Сарбозон духтари 20-соларо, ки худро ба дарёи Панҷ андохт, наҷот доданд
14:47 04.03.2021 (Навсозишуда: 15:39 04.03.2021) Сарбозони Дидбонгоҳи сарҳадии рақами 9-и деҳаи Тишори ҷамоати Поршинев духтари 20 -соларо аз марг наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ин ҳодиса рӯзи 3-юми март, шомгоҳ соати 18:15 дар Ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон рух дод. Дар ин бора сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ба
Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гузориши манбаъ, духтари 20 - сола, ба қасди худкушӣ, худро ба қаъри дарёи Панҷ мепартояд.
"Сарбозони шуҷои Дидбонгоҳи сарҳадии рақами 9 деҳаи Тишори Ҷамоати Поршинев Исмонов Исмоил - сержанти хурди дидбонгоҳ, аз шаҳри Бохтар, Ҷумъаев Фазлиддин- сарбози қаторӣ аз ноҳияи Шаҳритус ва Юсуфбеков Анис -сарбози қаторӣ аз шаҳри Хоруғ ходисаро дида, зуд аз паи наҷоти шаҳрванд гардида, худро ба дарё меандозанд", - гуфт Ниятбеков.
Ҳамин тавр, сарбозон ҷони духтари ҷавонро аз марг наҷот медиҳанд.
Ин амал мардонагӣ ва инсондӯстии сарбозони ватанро нишон медиҳад, ки ба хатари ба ҷони онҳо таҳдидкунанда нигоҳ накарда, ҳаёти каси дигарро наҷот доданд ва ин кирдор боиси таҳсину офарини сарбозон, командирон ва волидайни онҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чунин ҳодиса соли гузашта дар маркази ноҳия Рушон -деҳаи Вомар низ рух дода буд.
Он замон дар натиҷаи кӯшиши наҷот додани ҳаёти шаҳрванд Давлатмамадов Нуралӣ Бахталиевич, мутаассифона сержанти хурд Ятимов Сироҷиддин Сангинович аз шаҳри Душанбе ва сарбози қаторӣ Воҳидов Қандилшо Искандарович аз вилояти Хатлон ҷони худро аз даст доданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба сарбозон, волидайн ва роҳбарияти сарҳадбонон миннатдории самимии худро баён намуда, ба аҳли оилаи сарбозоне, ки порсол дар роҳи мардонагӣ ҷони худро аз даст доданд, бори дигар изҳори тасалият ва ҳамдардиро баён менамояд.
Манбаъ афзуд, ки чунин амали родмардони Ватан ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо пок нахоҳад шуд.