https://sputnik.tj/20210427/abdullozoda--ayodati-11-osebdidia-sadamai-1039061855.html
Аёдати Абдуллозода аз 10 ҷавони осебдидаи садамаи "Старекс" ва суҳбат бо пайвандонашон
Аёдати Абдуллозода аз 10 ҷавони осебдидаи садамаи "Старекс" ва суҳбат бо пайвандонашон
Sputnik Тоҷикистон
Абдуллозода ба аёдати 11 осебдидаи садамаи маргбори "Старекс" рафт ва бо наздиконашон суҳбат кард.
2021-04-27T09:46+0500
2021-04-27T09:46+0500
2021-07-21T18:45+0500
дар тоҷикистон
ҷамолиддин абдуллозода
тандурустӣ
оташ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0a/1032428834_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_012f7d1ce318ec1c8277ea1927126827.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ бо вазъи саломатии ҷавононе, ки шоми 24 апрел бар асари оташ гирифтани "Хундай-Старекс" ҷароҳат бардоштаанд, ошно шуд.Абдуллозода ҳамзамон бо наздикону пайвандони осебдидагон суҳбат намуда, иброз дошт, ки Вазорат баҳри табобати онҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона менамояд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон.Гуфта мешавад, ки вазир барои дар сатҳи баланд расонидани хизмати тиббӣ ба осебдидагон ба роҳбарияти беморхонаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода, огоҳ намуд, ки табобати онҳо пурра ройгон ба роҳ монда шавад ва ҷараёни табобати онҳо зери назорати бевоситаи вазири тандурустӣ қарор дорад.Инчунин, Абдуллозода бо як қатор пайвандони бемороне, ки дар беморхонаи мазкур бистарӣ мебошанд, гуфтугӯ карда, аз онҳо доир ба рафти хизматрасонии тиббии муассисаи мазкур пурсон шудааст.Ёдовар мешавем, ки шоми 24-уми мошини тамғаи "Хундай-Старекс", таҳти идораи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрда, чаппа шуда оташ гирифтааст. Дар садамаи мазкур 12 нафар маҷрӯҳ шуда, бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии Дӯстӣ бистарӣ шуданд ва ду нафарашон бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидаанд.Ҳоло вазъи саломатии 10 нафари дигар муътадил арзёбӣ мешавад.Қаблан шоҳидони ҳодиса хабар дода буданд, бар асари таркиши газ, “Старекс”, ки ҳомили 11 мусофири ҷавон будааст, дар вилояти Хатлон оташ гирифтааст. Навор аз ҷои ҳодиса дар саҳифаи Парвиз.тв нашр гардидааст.Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ин ҷавонон ҳамаашон ҳамкурс будаанд. Гуфта мешавад, ки дар он рӯз ҷавонон аз шаҳри Душанбе ба хонаи ҳамкурсашон ба ҷаноза мерафтанд, ки дар роҳ ин ҳодисаи нохуш рух додааст.
https://sputnik.tj/20210426/tarkish-margbor-stareks-javon-hatlon-1039039357.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0a/1032428834_0:0:1000:751_1920x0_80_0_0_93129f14f45b844c8c647465cdd67bba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷамолиддин абдуллозода, вазир, маргбор, осебдидагон, садама
ҷамолиддин абдуллозода, вазир, маргбор, осебдидагон, садама
Аёдати Абдуллозода аз 10 ҷавони осебдидаи садамаи "Старекс" ва суҳбат бо пайвандонашон
09:46 27.04.2021 (Навсозишуда: 18:45 21.07.2021) Ҷамолиддин Абдуллозода ба аёдати 10 ҷавони осебдидаи садамаи "Старекс" рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат карду гуфт, табобаташон зери назорати вазир аст
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ бо вазъи саломатии ҷавононе, ки шоми 24 апрел бар асари оташ гирифтани "Хундай-Старекс" ҷароҳат бардоштаанд, ошно шуд.
Абдуллозода ҳамзамон бо наздикону пайвандони осебдидагон суҳбат намуда, иброз дошт, ки Вазорат баҳри табобати онҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона менамояд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки вазир барои дар сатҳи баланд расонидани хизмати тиббӣ ба осебдидагон ба роҳбарияти беморхонаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода, огоҳ намуд, ки табобати онҳо пурра ройгон ба роҳ монда шавад ва ҷараёни табобати онҳо зери назорати бевоситаи вазири тандурустӣ қарор дорад.
Инчунин, Абдуллозода бо як қатор пайвандони бемороне, ки дар беморхонаи мазкур бистарӣ мебошанд, гуфтугӯ карда, аз онҳо доир ба рафти хизматрасонии тиббии муассисаи мазкур пурсон шудааст.
Ёдовар мешавем, ки шоми 24-уми мошини тамғаи "Хундай-Старекс", таҳти идораи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрда, чаппа шуда оташ гирифтааст.
Дар садамаи мазкур 12 нафар маҷрӯҳ шуда, бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии Дӯстӣ бистарӣ шуданд ва ду нафарашон бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидаанд.
Ҳоло вазъи саломатии 10 нафари дигар муътадил арзёбӣ мешавад.
Қаблан шоҳидони ҳодиса хабар дода буданд, бар асари таркиши газ, “Старекс”, ки ҳомили 11 мусофири ҷавон будааст, дар вилояти Хатлон оташ гирифтааст.
Навор аз ҷои ҳодиса дар саҳифаи Парвиз.тв нашр гардидааст.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ин ҷавонон ҳамаашон ҳамкурс будаанд. Гуфта мешавад, ки дар он рӯз ҷавонон аз шаҳри Душанбе ба хонаи ҳамкурсашон ба ҷаноза мерафтанд, ки дар роҳ ин ҳодисаи нохуш рух додааст.