https://sputnik.tj/20210426/tarkish-margbor-stareks-javon-hatlon-1039039357.html
Таркиш не: шарҳи мақомот дар бораи оташгирии маргбори “Старекс” бо 11 ҷавон
Таркиш не: шарҳи мақомот дар бораи оташгирии маргбори “Старекс” бо 11 ҷавон
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби рух додани ин фоҷиаи маргбор таркиши гази насбшуда дар мусофирбари “Старекс” арзёбӣ мешавад
2021-04-26T13:04+0500
2021-04-26T13:04+0500
2021-08-10T16:49+0500
дар тоҷикистон
ҷавонон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102096/26/1020962601_0:3:1404:793_1920x0_80_0_0_7ad19ab5e86ce9630d94b654408def3a.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, мусофирбари "Старекс", таҳти идораи сокини 32-солаи деҳаи Шарафи ноҳияи Рӯдакӣ шоми 24 апрел ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ба девори бетонии канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст ва оташ гирифтааст.“Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳоли ҳаракат буд ва дар қаламрави деҳаи Донашикани ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ дучори садама шуд”, - омадааст дар иттилоия. КҲФ гуфт, дар ин садамаи мудҳиш 11 нафар маҷрӯҳ шудаву бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи марказии Дӯстӣ бистарӣ шудаанд.Қаблан шоҳидони ҳодиса хабар дода буданд, бар асари таркиши газ, “Старекс”, ки ҳомили 11 мусофири ҷавон будааст, дар вилояти Хатлон оташ гирифтааст. Навор аз ҷои ҳодиса дар саҳифаи Парвиз.тв нашр гардидааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ин ҷавонон ҳамаашон ҳамкурс будаанд. Гуфта мешавад, ки дар он рӯз ҷавонон аз шаҳри Душанбе ба хонаи ҳамкурсашон ба ҷаноза мерафтанд, ки дар роҳ ин ҳодисаи нохуш рух додааст Ин дар ҳолест, ки як рӯзи пеш аз ин ҳодиса низ садамаи мудҳиш бо иштироки ҷавонони 18-22-сола рух дода буд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, садама рӯзи 23-уми апрели соли равон, дақиқан соати 08:30 дақиқа дар километри 100-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар мавзеъи деҳаи Работи ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ сар зад.Мошини тамғаи “Тойота-Кемри”, ки аз ҷониби як сокини 20-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарии умқаш 15-20 метр дар соҳили Фондарё сарозер шуд, иттилоъ дода буд ин ниҳод. "Дар натиҷа, ронанда бо 4 нафар ҳамсафараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшон аз дохили мошин берун оварда шуда, ба беморхонаи ноҳиявии ноҳияи Айнӣ бистарӣ карда шуданд", - омадааст дар иттилоияи КҲФ.Кумита изҳор дошт, ки таҳқиқи ин нохушӣ идома дорад.
https://sputnik.tj/20210412/barhurd-mercedes-marg-sadama-khatlon-1035305086.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102096/26/1020962601_0:0:1404:1053_1920x0_80_0_0_78e8c479076b54964ea56d0fb6edd794.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маргбор, шоҳид, нақл, садама
маргбор, шоҳид, нақл, садама
Таркиш не: шарҳи мақомот дар бораи оташгирии маргбори “Старекс” бо 11 ҷавон
13:04 26.04.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон оташгирии маргбори мусофирбари “Старекс” бо 11 ҷавони аз 17 то 19-соларо шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, мусофирбари "Старекс", таҳти идораи сокини 32-солаи деҳаи Шарафи ноҳияи Рӯдакӣ шоми 24 апрел ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ба девори бетонии канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст ва оташ гирифтааст.
“Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳоли ҳаракат буд ва дар қаламрави деҳаи Донашикани ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ дучори садама шуд”, - омадааст дар иттилоия.
КҲФ гуфт, дар ин садамаи мудҳиш 11 нафар маҷрӯҳ шудаву бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи марказии Дӯстӣ бистарӣ шудаанд.
“Ду нафар аз ҷумлаи ин 11 нафар, ки ҷавонони 18-сола буданд, дар бемористон бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони маҷрӯҳшудаи ин мошин ҷавонони 17-19-сола ва ҷумлагӣ сокинони шаҳри Душанбе будаанд”, - таъкид намудаст КҲФ.
Қаблан шоҳидони ҳодиса хабар дода буданд, бар асари таркиши газ, “Старекс”, ки ҳомили 11 мусофири ҷавон будааст, дар вилояти Хатлон оташ гирифтааст.
Навор аз ҷои ҳодиса дар саҳифаи Парвиз.тв нашр гардидааст.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ин ҷавонон ҳамаашон ҳамкурс будаанд. Гуфта мешавад, ки дар он рӯз ҷавонон аз шаҳри Душанбе ба хонаи ҳамкурсашон ба ҷаноза мерафтанд, ки дар роҳ ин ҳодисаи нохуш рух додааст
Ин дар ҳолест, ки як рӯзи пеш аз ин ҳодиса низ садамаи мудҳиш бо иштироки ҷавонони 18-22-сола рух дода буд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, садама рӯзи 23-уми апрели соли равон, дақиқан соати 08:30 дақиқа дар километри 100-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар мавзеъи деҳаи Работи ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ сар зад.
Мошини тамғаи “Тойота-Кемри”, ки аз ҷониби як сокини 20-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарии умқаш 15-20 метр дар соҳили Фондарё сарозер шуд, иттилоъ дода буд ин ниҳод.
"Дар натиҷа, ронанда бо 4 нафар ҳамсафараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшон аз дохили мошин берун оварда шуда, ба беморхонаи ноҳиявии ноҳияи Айнӣ бистарӣ карда шуданд", - омадааст дар иттилоияи КҲФ.
Кумита изҳор дошт, ки таҳқиқи ин нохушӣ идома дорад.