Равам ё наравам: Зеленский пешниҳоди Путинро барои мулоқот дар Маскав фикр мекунад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПрезидент Украины В. Зеленский
Президент Украины В. Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Обуна шудан
Мақомоти Русия ва Украина имкони гуфтушуниди ду кишвардорро фаъолона баррасӣ доранд
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Дар дастгоҳи президенти Украина Владимир Зеленский пешниҳоди президенти Русия Владимир Путинро барои мулоқот дар Маскав шарҳ доданд.
Котиби матбуоти президенти Украина Владимир Зеленский, Юлия Мендел изҳороти сарвари давлатро дар бораи музокирот дар пойтахти Русия эълон кард.
"Ҳатман вокуниши сарвари давлат хоҳад буд", - менависад хабаргузории "Укринформ" аз қавли Мендел.
Ёдовар мешавем, ки дар иртибот бо ташдиди вазъ дар Донбасс, Зеленский дар як паёми видеоӣ пешниҳод кард, ки бо Путин "дар ҳар нуқтаи дилхоҳи Донбасси Украина, ки онҷо ҷанг аст, мулоқот кунанд".
Рабочий визит президента РФ В. Путина во Францию  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Зеленский хоҳиш кард, ки бо Путин мулоқот ташкил кунанд
Дар посух Путин пешниҳод кард, ки аввал бо намояндагони Ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи мардумии Донетск ва Луганск мулоқот кунад ва пасон бо Русия гуфтушунид намояд.
Президенти Русия қайд кард, ки вай омода аст Зеленскийро дар Маскав дар ҳар вақти барои президенти Украина муносиб қабул кунад, то муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи март вазъ дар Донбасс бадтар шуд. Ҳам дар байни низомиён ва ҳам миёни мардуми осоишта маҷрӯҳшудагон ва кушташудаҳо сатб шудаанд.
Кандидат в президенты от Демократической партии, бывший вице-президент Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Байден ба Зеленский ваъда дод, ки дар ҳолати ҷанг бо Русия Украинаро дастгирӣ мекунад
Украина ва Русия ҳамдигарро дар шиддат гирифтани вазъ айбдор мекунанд. Вазъи умумӣ дар марз шадид арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0