Тазоҳурот барои надодани замини обдори марз ва ваъдаи Тошиев: "намедиҳем гӯед, намедиҳем"

© пресс-служба ГКНБ lГлава ГКНБ Кыргызстана Камчыбек Ташиев
Глава ГКНБ Кыргызстана  Камчыбек Ташиев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Обуна шудан
Мардуми Қирғизистон талаб доранд, ки замини обдори ҳудуди Кампиробод ба Ӯзбекистон дода нашавад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар Қирғизистон барои надодани обанбори Кампиробод ба Ӯзбекистон митинг баргузор шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба маъмурияти ноҳияи Узгени вилояти Ӯш.
"Дирӯз дар деҳаи Кӯршаб гирдиҳамоии оммавӣ баргузор шуд. Ҳудуди ҳазор нафар ҷамъ омаданд. Ҳоло вазъ мӯътадил аст", - гуфт намояндаи маъмурият.
Ба гуфти ӯ, тазоҳургарон бар зидди интиқоли обанбори Кампиробод (Андиҷон) ба Ӯзбекистон, садо баланд карданд. Ин тасмим моҳи март дар ҷараёни музокироти ҷонибҳои қирғиз ва ӯзбек дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзҳо гирифта шуда буд.
"Мардум аз ин қарор норозӣ буданд. Онҳо метарсанд, ки деҳаҳои қирғиз бе об мемонанд", - гуфтанд маъмурият.
Рӯзи якшанбе роҳбари Комиссияи давлатии делимиатсияи сарҳад, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев бо эътирозгарон мулоқот кард. Видеои мулоқотро дар Интернет шоҳидон нашр кардаанд.
Тошиев ҳозиринро итминон дод, ки назари сокинони минтақаҳои наздимарзӣ дар масъалаҳои сарҳад албатта ба назар гирифта мешавад.
"Мо бар хилофи иродаи мардум баромада наметавонем. Агар шумо гӯед, ки мо Кампирободро намедиҳем, пас намедиҳем ва тавре ки ҳаст, мемонем", - гуфт роҳбари кумитаи давлатӣ.
Тошиев рӯзи 26 март гуфт, ки Қирғизистон ва Ӯзбекистон тамоми масъалаҳоро дар қитъаҳои баҳсии марзӣ дар заминаи судманд ҳал карданд.
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев во время встречи с жителями Кара-Сууйского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Талоши Қирғизистон барои аз худ кардани замини обдор дар марз: Тошиев гуфт, саъй мекунам
Ба гуфти вай, минтақаи обанбори Кампиробод аз ҷумлаи мавзеъҳое мебошад, ки дар он қарордод ҳосил шудааст. Қарор дода шуд, ки сарбанд ва соҳили чапи канали Шалихансай дар қаламрави Ӯзбекистон монад, ба шарте ки ҷониби Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Қирғизистон дастрасии ройгон ба оби обанборро таъмин кунад.
Аз рӯзи гуфтушуниди инҷониб, дар минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон як қатор митингҳои хурд баргузор шуд. Мардум аз қарори комиссияи марзӣ норозӣ буданд.
То кунун тақрибан 15 дарсади марзи Қирғизистон ва Ӯзбекистон аломатгузорӣ нашудааст. Минтақаҳои баҳснок давра ба давра ба майдони низоъ барои сокинони наздисарҳадӣ мубаддал мегарданд.
Тавре Тошиев дар як ҳамоиш рӯзи 25 апрел гуфт, музокироти марзӣ рӯзи 10 май, вақте ки як ҳайат аз Ӯзбекистон ба Қирғизистон меояд, идома хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0