https://sputnik.tj/20210426/sughd-dehai-hammarz-uzbekistonro-voksin-1039038364.html
Дар Суғд як деҳаи ҳаммарз бо Ӯзбекистонро воксини зидди COVID-19 заданд
Дар Суғд як деҳаи ҳаммарз бо Ӯзбекистонро воксини зидди COVID-19 заданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд эмгузаронӣ алайҳи коронавирус аз деҳаи наздимарзии бо Ӯзбекистон шурӯъ шуд.
2021-04-26T12:25+0500
2021-04-26T12:25+0500
2021-04-26T12:54+0500
дар тоҷикистон
суғд
эмгузаронӣ
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101459/08/1014590808_0:706:1383:1483_1920x0_80_0_0_aa3efed9bb3ec495d48d3d1e6d966ea8.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Ҷаннатой Набиева, директори филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то имрӯз бешт аз 570 нафар сокинони ин деҳа эмгузаронӣ шуданд. Деҳаи Сароби (собиқ Плотина) ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен дар фосилаи хеле наздик бо деҳоти вилояти Бекободи кишвари Ӯзбекистон ҷойгир аст ва ҳамарӯза равуойи сокинон аз ду ҷониб ҷараён дорад. Дар ин маҳал як роҳе мавҷуд аст, ки аз ду ҷониб сокинон истифода мекунанд. Ин деҳа бештар аз 1300 сокин дорад. Масъулони беҳдоштӣ мегуянд, то кунун дар миёни аҳолии ин деҳа сирояти “вируси корона” дарёфт нашудааст. Ҷаннатой Набиева гуфт чизе, ки онҳоро ба эмгузаронӣ дар ин деҳаи ҳаммарз водор намуд, хуруҷи дигарбораи коронавирус дар Ӯзбекистон будааст. Шурӯъ аз 18 апрел, ба далели авҷи сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон ба ҳисоби мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ дар ин кишвар ба реҷаи карантинӣ гузаштанд. Дар Тоҷикистон аз 8 марти соли 2021 нахустин бастаи ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя аз Деҳлии Ҳиндустон тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" ба Душанбе интиқол ёфт. Пас аз тасвиб шудани қарори ҳукумат дар Тоҷикистон расман аз 23 март маъракаи эмгузаронӣ дар ҷумҳурӣ шурӯъ шуд.
https://sputnik.tj/20210323/Tojikiston-emguzaroni-3-hazor-nuqta-1033055830.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101459/08/1014590808_0:576:1383:1613_1920x0_80_0_0_a3a5faf067d59f34ac6660eff8d72dba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, эмгузаронӣ
тоҷикистон, суғд, эмгузаронӣ
Дар Суғд як деҳаи ҳаммарз бо Ӯзбекистонро воксини зидди COVID-19 заданд
12:25 26.04.2021 (Навсозишуда: 12:54 26.04.2021) Дар вилояти Суғд эмгузаронӣ алайҳи коронавирус аз деҳаи наздимарзӣ бо Ӯзбекистон шурӯъ шуд. Масъулин гуфтанд, ки хуруҷи дигарбораи бемории COVID-19 дар кишвари ҳамсоя онҳоро водор намудааст, ки корро аз деҳаи Сароби ноҳияи Спитамен оғоз кунанд
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Ҷаннатой Набиева, директори филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то имрӯз бешт аз 570 нафар сокинони ин деҳа эмгузаронӣ шуданд.
“Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мо қабл аз ҳама воксинзаниро дар ин маҳал оғоз намудем. То имрӯз зиёда аз 570 нафар вокисини "AstraZeneca" гирифтанд. Ҳоло кор дар ин самт дар ҳудуди ин деҳа идома дорад”, гуфт Набиева.
Деҳаи Сароби (собиқ Плотина) ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен дар фосилаи хеле наздик бо деҳоти вилояти Бекободи кишвари Ӯзбекистон ҷойгир аст ва ҳамарӯза равуойи сокинон аз ду ҷониб ҷараён дорад.
Дар ин маҳал як роҳе мавҷуд аст, ки аз ду ҷониб сокинон истифода мекунанд. Ин деҳа бештар аз 1300 сокин дорад.
Масъулони беҳдоштӣ мегуянд, то кунун дар миёни аҳолии ин деҳа сирояти “вируси корона” дарёфт нашудааст.
Ҷаннатой Набиева гуфт чизе, ки онҳоро ба эмгузаронӣ дар ин деҳаи ҳаммарз водор намуд, хуруҷи дигарбораи коронавирус дар Ӯзбекистон будааст.
Шурӯъ аз 18 апрел, ба далели авҷи сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон ба ҳисоби мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ дар ин кишвар ба реҷаи карантинӣ гузаштанд.
Дар Тоҷикистон аз 8 марти соли 2021 нахустин бастаи ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя аз Деҳлии Ҳиндустон тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" ба Душанбе интиқол ёфт.
Пас аз тасвиб шудани қарори ҳукумат дар Тоҷикистон расман аз 23 март маъракаи эмгузаронӣ дар ҷумҳурӣ шурӯъ шуд.