https://sputnik.tj/20210323/Tojikiston-emguzaroni-3-hazor-nuqta-1033055830.html
Дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ алайҳи COVID се ҳазор нуқта боз мешавад
Дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ алайҳи COVID се ҳазор нуқта боз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолии ҷумҳурӣ аз сирояти коронавирус се ҳазор нуқта таъсис дода шудааст 23.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-23T15:35+0500
2021-03-23T15:35+0500
2021-08-10T17:01+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
ваксина
эмгузаронӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033055360_0:20:1000:583_1920x0_80_0_0_01700403557874e6eba5c2b6aa9fa30f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон барои эмгузаронии аҳолӣ аз коронавирус 3 ҳазор нуқта ташкил карда шудааст, гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.Ба гуфти вазир дар ҳоли ҳозир, марҳилаи аввали маъракаи эмгузаронӣ, ки рӯзи 22 март оғоз шуд, танҳо дар Душанбе баргузор хоҳад шуд."Марҳилаҳои навбатии эмгузаронии аҳолӣ дар минтақаҳо баргузор мешавад, аммо мӯҳлати он ҳанӯз маълум нест", - шарҳ дод ӯ.Ёдовар мешавем, ки рӯзи сешанбе эмгузаронӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон расман оғоз ёфт ва нахустин ваксинаро роҳбари Вазорати тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гирифт.Дар ҳоли ҳозир, барои эмгузаронӣ дар Тоҷикистон доруи AstraZeneca истифода мешавад.Бояд илова кард, ки тибқи Нақшаи миллии эмгузаронӣ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба таври ихтиёрӣ ваксинаҳои AstraZeneca мегиранд. Ба ин гурӯҳҳо аз ҷумла табибон, мураббиён, шаҳрвандони аз 50-сола боло дохил мешаванд.Қарори Ҳукумат: эълони вақт ва тартиби ваксинагирӣ зидди COVID-19 дар ТоҷикистонХабар дода мешавад, ки дар ҳама муассисаҳои тиббии кишвар марказҳои эмгузаронӣ омодаанд.Ёдовар мешавем, ки 8 марти соли 2021 дар доираи механизми COVAX Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт нахустин гурӯҳи ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" аз Деҳлӣ ба Душанбе оварда шуд.
https://sputnik.tj/20210323/vazir-tandurusti-muovinon-AstraZeneca-em-1033053493.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033055360_98:0:902:603_1920x0_80_0_0_8e26268b3a170279fc9c18af423c35a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, ваксина, эмгузаронӣ, коронавирус
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, ваксина, эмгузаронӣ, коронавирус
Дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ алайҳи COVID се ҳазор нуқта боз мешавад
15:35 23.03.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолии ҷумҳурӣ аз сирояти коронавирус се ҳазор нуқта таъсис дода шудааст
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон барои эмгузаронии аҳолӣ аз коронавирус 3 ҳазор нуқта ташкил карда шудааст, гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.
"Дар Душанбе ва тамоми минтақаҳои Тоҷикистон се ҳазор нуқта барои эмгузаронии аҳолии ҷумҳурӣ аз сирояти коронавирус таъсис дода шудааст", - гуфт ӯ ҳангоми оғози ваксинагузаронӣ дар ҷумҳурӣ.
Ба гуфти вазир дар ҳоли ҳозир, марҳилаи аввали маъракаи эмгузаронӣ, ки рӯзи 22 март оғоз шуд, танҳо дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
"Марҳилаҳои навбатии эмгузаронии аҳолӣ дар минтақаҳо баргузор мешавад, аммо мӯҳлати он ҳанӯз маълум нест", - шарҳ дод ӯ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи сешанбе эмгузаронӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон расман оғоз ёфт ва нахустин ваксинаро роҳбари Вазорати тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гирифт.
Дар ҳоли ҳозир, барои эмгузаронӣ дар Тоҷикистон доруи AstraZeneca истифода мешавад.
Бояд илова кард, ки тибқи Нақшаи миллии эмгузаронӣ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба таври ихтиёрӣ ваксинаҳои AstraZeneca мегиранд. Ба ин гурӯҳҳо аз ҷумла табибон, мураббиён, шаҳрвандони аз 50-сола боло дохил мешаванд.
Хабар дода мешавад, ки дар ҳама муассисаҳои тиббии кишвар марказҳои эмгузаронӣ омодаанд.
Ёдовар мешавем, ки 8 марти соли 2021 дар доираи механизми COVAX Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт нахустин гурӯҳи ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" аз Деҳлӣ ба Душанбе оварда шуд.