Роҳбари нави Созмони тоҷикони Тотористон маълум шуд: Сабрдин Тоиров кист?

© Пресс-служба президента ТаджикистанаКабинет чиновника в Таджикистане
Кабинет чиновника в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Обуна шудан
Сабрддин Тоиров роҳбари Созмони милливу фарҳангии тоҷикони Тотористон “Сомониён” интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 26 апрел - Sputnik. Бино бар иттилои ҷамъияти “Сомониён” чанде пеш дар бинои Дӯстии халқҳои Тотористон ҷаласаи солонаи Созмони милливу фарҳангии тоҷикони Тотористон баргузор шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, масъалаи асосии ҷаласа ин натиҷагирӣ аз фаъолияти як сола ва интихоби раиси нави Раёсати созмони минтақавии милливу фарҳангии тоҷикони Тотористон буд.
Гуфта шудааст, ки дар натиҷаи овоздиҳӣ, Сабрдин Тоиров бо дарёфти аксари овозҳо раиси нав интихоб шуд.
Намозгузорон дар масҷиди нави Чали Яр дар Набережние Челни. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2020
Ифтитоҳи масҷиди муосир дар Тотористон - гузориши аксӣ
Инчунин дар ҷараёни ҷаласа муовинони раиси ин созмон низ интихоб шуданд. Муовинони раиси ин Созмон Абдулҳамид Асоев, Имомназар Саймаҳмедов ва Мирзозариф Зарифов интихоб шуданд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки Сабрдин Тоиров 8 апрели соли 1961 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1985 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченкоро, бо ихтисоси мутахассиси-омӯзгори физика ва математика хатм кардааст.
Солҳои 1987 дар мактаби рақами 63 дар Ғарм ба ҳайси муаллими фанни риёзӣ кор кардааст.
Аз соли 1993 то имрӯз дар шаҳри Қазони Тотористон кору зиндагӣ мекунад.
Дар ҳоли ҳозир, ӯ ба ҳайси муовини роҳбари ширкати ҶДММ “Фирма Родина” кор мекунад.
Лентаи хабарҳо
0