https://sputnik.tj/20210426/general-zas-davat-rahmon-marz--1039034194.html
Генерал Зас бо даъвати Раҳмон аз марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон дидан кард
Генерал Зас бо даъвати Раҳмон аз марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон дидан кард
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СААД Станислав Зас бо даъвати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз қитъаҳои марзи давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон дидан кард.
2021-04-26T09:43+0500
2021-04-26T09:43+0500
2021-05-14T17:54+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
саад
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039033997_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_dc218d5590b1b9b0f8d21143e3d74cdc.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik.Тибқи иттилои хадамоти матбуоти СААД, рӯзҳои 23-24 апрел Станислав Зас аз қисматҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои Қалъаи Хумб ва Шӯробод дидан кардааст. Ба иттилои манбаъ, дабири кулли СААД бо ташкили зерсохтори марзӣ ва муҷаҳҳаз кардани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад шинос шуд. Дабири кулли СААД аз ёдгории марзбонони ҳалокшуда дидан кардааст.Гуфта мешавад, ин сафарро ҷониби Тоҷикистон дар доираи омодасозии лоиҳаи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои таҳкими бахшҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон ташкил кардааст. Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 27-29 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор мешаванд, ки ширкаткунандагони он масъалаҳои амнияти низомӣ, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳо ва чораҳои безараргардонии онҳоро баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20210424/vazir-difo-saad-dushanbe-1039014361.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039033997_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_2fcd33d9a367d14fea90d0a2466d0181.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, марз, тоҷикистон
Генерал Зас бо даъвати Раҳмон аз марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон дидан кард
09:43 26.04.2021 (Навсозишуда: 17:54 14.05.2021) Дабири кулли СААД Станислав Зас бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қитъаҳои марзи давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон дидан кард
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik.Тибқи иттилои хадамоти матбуоти СААД, рӯзҳои 23-24 апрел Станислав Зас аз қисматҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои Қалъаи Хумб ва Шӯробод дидан кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дабири кулли СААД бо ташкили зерсохтори марзӣ ва муҷаҳҳаз кардани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад шинос шуд.
Дабири кулли СААД аз ёдгории марзбонони ҳалокшуда дидан кардааст.
Гуфта мешавад, ин сафарро ҷониби Тоҷикистон дар доираи омодасозии лоиҳаи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои таҳкими бахшҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон ташкил кардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 27-29 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор мешаванд, ки ширкаткунандагони он масъалаҳои амнияти низомӣ, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳо ва чораҳои безараргардонии онҳоро баррасӣ мекунанд.