https://sputnik.tj/20210424/vazir-difo-saad-dushanbe-1039014361.html
Панҷ вазири мудофиаи узви СААД ба Душанбе меоянд
Панҷ вазири мудофиаи узви СААД ба Душанбе меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Дар назар аст барои ширкат дар ин чорабинӣ вазирони дифои Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон вориди Душанбе шаванд
2021-04-24T13:57+0500
2021-04-24T13:57+0500
2021-04-24T13:57+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
саад
ҷаласаи вазирони мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038780655_0:0:2852:1605_1920x0_80_0_0_1e59c329c0cb0cef6a0aed62ce2a14d2.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти СААД, ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа 27 апрели соли 2021 таҳти раёсати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник Шералӣ Мирзо дар Душанбе баргузор мешавад.Дар назар аст барои ширкат дар ин чорабинӣ вазирони дифои Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон вориди Душанбе шавандДар ҷаласаи СААД, ки 29 апрели соли равон баргузор мешавад, мувофиқан, Котиби Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода раисӣ мекунад. Ҳамзамон дабири кулли СААД Станислав ЗАС дар чорабиниҳо ширкат варзида, дар бораи вазъи минтақаи масъулияти Созмон ва масъалаҳои рӯзнома маълумот медиҳад. Дар ҷараёни мулоқотҳо нақшаҳои муҷаҳҳазгардонии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, омӯзиши якҷояи ташаккули нерӯҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва нақшаи машваратҳо оид ба сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои нимаи дуюми соли 2021 ва нимаи аввали соли 2022 баррасӣ карда мешаванд. Инчунин дар рӯзномаи ҷаласаҳо баррасии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Созишномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД мавҷуд аст. Пеш аз оғози ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва СААД, вазирони дифоъ ва котибони Шӯроҳои Амниятро Раиси Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210217/mashqho-mushtarak-hamkori-nizomi-muloqot-dabiri-kull-SPAD-Sherali-Mirzo-1032843167.html
https://sputnik.tj/20210415/muloqot-generalho-tojik-rus-tamrinho-1038469922.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038780655_177:0:2712:1901_1920x0_80_0_0_a392eccede325d3e42f22e78202502e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, вазирони дифоъ, амният
саад, вазирони дифоъ, амният
Панҷ вазири мудофиаи узви СААД ба Душанбе меоянд
Масъалаҳои амнияти ҳарбӣ, муқовимат бо чолишҳою таҳдидҳо ва чораҳои безараргардонии онҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва котибони шӯроҳои амнияти СПАД баррасӣ мешаванд.
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти СААД, ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа 27 апрели соли 2021 таҳти раёсати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник Шералӣ Мирзо дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар назар аст барои ширкат дар ин чорабинӣ вазирони дифои Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон вориди Душанбе шаванд
Дар ҷаласаи СААД, ки 29 апрели соли равон баргузор мешавад, мувофиқан, Котиби Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода раисӣ мекунад.
Ҳамзамон дабири кулли СААД Станислав ЗАС дар чорабиниҳо ширкат варзида, дар бораи вазъи минтақаи масъулияти Созмон ва масъалаҳои рӯзнома маълумот медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқотҳо нақшаҳои муҷаҳҳазгардонии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, омӯзиши якҷояи ташаккули нерӯҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва нақшаи машваратҳо оид ба сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои нимаи дуюми соли 2021 ва нимаи аввали соли 2022 баррасӣ карда мешаванд.
Инчунин дар рӯзномаи ҷаласаҳо баррасии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Созишномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД мавҷуд аст.
Пеш аз оғози ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва СААД, вазирони дифоъ ва котибони Шӯроҳои Амниятро Раиси Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул хоҳад кард.