https://sputnik.tj/20210422/jamoliddin-nuraliev-batr-muloqot-1038915733.html
Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони БАТР мулоқот кард
Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони БАТР мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод
2021-04-22T11:44+0500
2021-04-22T11:44+0500
2021-04-22T13:53+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
ҷамолиддин нуралиев
батр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/16/1038913350_0:66:715:468_1920x0_80_0_0_c460aa7c0ee61429f76455d8252669bc.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, БМТ ва БАТР ҳамчун шарики боэътимод то имрӯз дар самти дастгирии низоми бонкии кишвар корҳои зиёдеро баҳри рушди низом роҳандозӣ намудаанд.Айтен Рустамова барои густариши ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, пешниҳоди кумакҳои техникӣ дар самтҳои мухталиф, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.Зимни мулоқот намояндагони БАТР оид ба барномаи молиявии “Занҳо дар тиҷорат” маълумот манзур намуда, зикр карданд, ки роҳандозии барномаи мазкур имкон медиҳад, то бонувон бештар ба соҳаи бонкдорӣ, молия ва тиҷорат ҷалб гарданд ва дараҷаи тахассусии онҳо такмил ёбад.Муовини якуми Раиси БМТ бо ҷонибдорӣ аз лоиҳаи мазкур, таъкид намуд, ки дар шароити феълӣ дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати молиявии бонувон ва ба ин тариқ, ҷалби бештари онҳо ба низоми бонкиву молия ва тиҷорат корҳои назаррас анҷом дода шуда истодаанд. Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо бори дигар ба густариши ҳамкории пурсамар миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таъкид намуда, хостори фаъолмандии бештар ҷиҳати рушди низоми бонкӣ ва иқтисодиёти кишвар гардиданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/16/1038913350_2:0:713:533_1920x0_80_0_0_f4542f5fc680a9a348ab8b5216a6a15e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонки миллӣ батр ҷомолиддин нуралиев
бонки миллӣ батр ҷомолиддин нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони БАТР мулоқот кард
11:44 22.04.2021 (Навсозишуда: 13:53 22.04.2021) Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо раиси намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, БМТ ва БАТР ҳамчун шарики боэътимод то имрӯз дар самти дастгирии низоми бонкии кишвар корҳои зиёдеро баҳри рушди низом роҳандозӣ намудаанд.
Айтен Рустамова барои густариши ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, пешниҳоди кумакҳои техникӣ дар самтҳои мухталиф, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Зимни мулоқот намояндагони БАТР оид ба барномаи молиявии “Занҳо дар тиҷорат” маълумот манзур намуда, зикр карданд, ки роҳандозии барномаи мазкур имкон медиҳад, то бонувон бештар ба соҳаи бонкдорӣ, молия ва тиҷорат ҷалб гарданд ва дараҷаи тахассусии онҳо такмил ёбад.
Муовини якуми Раиси БМТ бо ҷонибдорӣ аз лоиҳаи мазкур, таъкид намуд, ки дар шароити феълӣ дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати молиявии бонувон ва ба ин тариқ, ҷалби бештари онҳо ба низоми бонкиву молия ва тиҷорат корҳои назаррас анҷом дода шуда истодаанд.
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо бори дигар ба густариши ҳамкории пурсамар миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таъкид намуда, хостори фаъолмандии бештар ҷиҳати рушди низоми бонкӣ ва иқтисодиёти кишвар гардиданд.