https://sputnik.tj/20210425/ima-nato-huruj-neru-afghoniston-1039027785.html
ИМА ва НАТО ба хуруҷи неруҳо аз Афғонистон шурӯъ карданд
ИМА ва НАТО ба хуруҷи неруҳо аз Афғонистон шурӯъ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ба хуруҷи сарбозони худ аз Афғонистон оғоз карданд 25.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-25T17:32+0500
2021-04-25T17:32+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
амрико
афғонистон
нато
низомиён
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102953/16/1029531620_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_b9df8e08954669a5ee480a6c10f85e5b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Хуруҷи сарбозони НАТО ва Амрико аз хоки Афғонистонро генерал Скотт Миллер таъйид кард.Ӯ гуфт ИМА ва кишварҳои НАТО неруҳои худро аз қаламрави ин кишвар берун меоранд, аммо дар сурати ҳуҷуми ҷангиёни Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия) ба артиши ИМА ё артиши эътилоф, ин иқдом шояд таӯйир ёбад.Тибқи гузориши Hama Press, се пойгоҳ ва як фурудгоҳи низомӣ дар вилояти Қандаҳор дар тӯли ду ҳафта ба ҷониби Афғонистон супорида мешавад.Қаблан, президенти Амрико Ҷо Байден гуфта буд, ки бар хилофи тавсияҳои фармондеҳии олии ИМА тасмим гирифтааст, нерӯҳояшро хориҷ кунад. Ба гуфтаи ӯ, низомиён Афғонистонро то 11 сентябр озод хоҳанд кард. Хуруҷи нерӯҳо дар ҳамоҳангии комил бо муттаҳидон сурат мегирад. Маълум аст, ки чанд генерал аз Байден даъват кардаанд, ки ҳузури 2500 сарбозро дар Афғонистон ҳифз кунад ва тавассути музокироти дипломатӣ ба созишномаи сулҳ ноил шавад. Ба гуфтаи раҳбари Пентагон Ллойд Остин, хуруҷи нерӯҳо Амрикоро аз субот маҳрум мекунад.Як рӯз пеш аз ин, ду ҳавопаймои бомбаандози стратегии B-52H Stratofortress ба пойгоҳи ҳавоии Қатар омаданд. Тибқи изҳороти фармондеҳии марказии нерӯҳои ҳавоии ИМА, онҳо ҳангоми хуруҷ аз Афғонистон низомиёнро ҳамроҳӣ ва муҳофизат мекунанд.
https://sputnik.tj/20210312/amriko-afqoniston-milliard-masraf-1032993448.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102953/16/1029531620_64:0:1884:1365_1920x0_80_0_0_07d3c51763a39b922d0bd7de65531a4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, амният ва мудофиа, амрико, афғонистон, нато, низомиён, сиёсат
дар ҷаҳон, амният ва мудофиа, амрико, афғонистон, нато, низомиён, сиёсат
ИМА ва НАТО ба хуруҷи неруҳо аз Афғонистон шурӯъ карданд
17:32 25.04.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ба хуруҷи сарбозони худ аз Афғонистон оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Хуруҷи сарбозони НАТО ва Амрико аз хоки Афғонистонро генерал Скотт Миллер таъйид кард.
Ӯ гуфт ИМА ва кишварҳои НАТО неруҳои худро аз қаламрави ин кишвар берун меоранд, аммо дар сурати ҳуҷуми ҷангиёни Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия) ба артиши ИМА ё артиши эътилоф, ин иқдом шояд таӯйир ёбад.
Тибқи гузориши Hama Press, се пойгоҳ ва як фурудгоҳи низомӣ дар вилояти Қандаҳор дар тӯли ду ҳафта ба ҷониби Афғонистон супорида мешавад.
Қаблан, президенти Амрико Ҷо Байден гуфта буд, ки бар хилофи тавсияҳои фармондеҳии олии ИМА тасмим гирифтааст, нерӯҳояшро хориҷ кунад. Ба гуфтаи ӯ, низомиён Афғонистонро то 11 сентябр озод хоҳанд кард.
Хуруҷи нерӯҳо дар ҳамоҳангии комил бо муттаҳидон сурат мегирад. Маълум аст, ки чанд генерал аз Байден даъват кардаанд, ки ҳузури 2500 сарбозро дар Афғонистон ҳифз кунад ва тавассути музокироти дипломатӣ ба созишномаи сулҳ ноил шавад.
Ба гуфтаи раҳбари Пентагон Ллойд Остин, хуруҷи нерӯҳо Амрикоро аз субот маҳрум мекунад.
Як рӯз пеш аз ин, ду ҳавопаймои бомбаандози стратегии B-52H Stratofortress ба пойгоҳи ҳавоии Қатар омаданд. Тибқи изҳороти фармондеҳии марказии нерӯҳои ҳавоии ИМА, онҳо ҳангоми хуруҷ аз Афғонистон низомиёнро ҳамроҳӣ ва муҳофизат мекунанд.