https://sputnik.tj/20210424/tojikiston-qirghiz-gumshuda-bargardond-1039018592.html
Тоҷикистон ду қирғизи гумшударо ҳамроҳ бо шаш тани дигари қаблан боздошткардааш баргардонд
Тоҷикистон ду қирғизи гумшударо ҳамроҳ бо шаш тани дигари қаблан боздошткардааш баргардонд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳанӯз маълум нест, ки кӣ ва чаро ҷавононро ба қаламрави Тоҷикистон овардаанд. Мақомоти салоҳиятдор тафтишот мебаранд.
2021-04-24T17:37+0500
2021-04-24T17:37+0500
2021-04-24T17:42+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
сарҳад
марзбонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/18/1039018550_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_1df8268468b8d7ec77e8403433b76d32.jpg
Душанбе, 24 апр - Sputnik. Ду ҷавони қирғизистоние, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон нопадид шуданд, ба ватан баргаштанд ва ба оилаҳои онҳо супорида шуданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон дар такя ба хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Бодканд. Субҳи имрӯз расонаҳои қирғизӣ навиштанд, ду ҷавон, ки ҳар ду 19 сол доштаанд, шаби 24 апрел аз мавзеи Эски-Оочуи деҳоти Бешкенти ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нопадид шуданд.Қаблан дар интернет наворе паҳн шуда буд, ки дар он як модар аз ғайб задани писараш ва шиносаш хабар медиҳад. Ҷавонон дар наздикии марз як коргоҳ месохтанд ва шабона аз хаймаи назди сохтмон нопадид шуданд.Тибқи иттилои ҷониби Қирғизистон, пас аз музокироти дуҷонибаи марзбонон, ҷониби Тоҷикистон ҷавононро тавассути гузаргоҳи Овчӣ-Қалъач баргардондааст. Онҳо чи гуна дар қаламрави Тоҷикистон қарор гирифтаанд, то ҳол маълум нест. Мақомоти салоҳиятдор тафтишот мебаранд. Қайд карда мешавад, ки дар якҷоягӣ бо ин нафарон, 6 шаҳрванди Қирғизистон, ки сарҳадбонони тоҷик қаблан онҳоро барои убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд, баргардонида шуданд.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 972 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.
https://sputnik.tj/20210424/maktubi-qirghiziston-tojikiston-robita-bedarakshavi-du-javon-1039016535.html
https://sputnik.tj/20210409/rahnsmo-vorukh-bahs-1035185672.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/18/1039018550_217:0:938:541_1920x0_80_0_0_684b806c5ee98b6fd5d72eadba03fe83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, марзбонон, тоҷикистон
қирғизистон, марзбонон, тоҷикистон
Тоҷикистон ду қирғизи гумшударо ҳамроҳ бо шаш тани дигари қаблан боздошткардааш баргардонд
17:37 24.04.2021 (Навсозишуда: 17:42 24.04.2021) Ҳанӯз маълум нест, ки кӣ ва чаро ҷавононро ба қаламрави Тоҷикистон овардаанд. Мақомоти салоҳиятдор тафтишот мебаранд.
Душанбе, 24 апр - Sputnik. Ду ҷавони қирғизистоние, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон нопадид шуданд, ба ватан баргаштанд ва ба оилаҳои онҳо супорида шуданд, хабар медиҳад
Sputnik Қирғизистон дар такя ба хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Бодканд.
Субҳи имрӯз расонаҳои қирғизӣ навиштанд, ду ҷавон, ки ҳар ду 19 сол доштаанд, шаби 24 апрел аз мавзеи Эски-Оочуи деҳоти Бешкенти ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нопадид шуданд.
Қаблан дар интернет наворе паҳн шуда буд, ки дар он як модар аз ғайб задани писараш ва шиносаш хабар медиҳад. Ҷавонон дар наздикии марз як коргоҳ месохтанд ва шабона аз хаймаи назди сохтмон нопадид шуданд.
Тибқи иттилои ҷониби Қирғизистон, пас аз музокироти дуҷонибаи марзбонон, ҷониби Тоҷикистон ҷавононро тавассути гузаргоҳи Овчӣ-Қалъач баргардондааст.
Онҳо чи гуна дар қаламрави Тоҷикистон қарор гирифтаанд, то ҳол маълум нест. Мақомоти салоҳиятдор тафтишот мебаранд.
Қайд карда мешавад, ки дар якҷоягӣ бо ин нафарон, 6 шаҳрванди Қирғизистон, ки сарҳадбонони тоҷик қаблан онҳоро барои убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд, баргардонида шуданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 972 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.