https://sputnik.tj/20210424/maktubi-qirghiziston-tojikiston-robita-bedarakshavi-du-javon-1039016535.html
Мактуби Қирғизистон ба Тоҷикистон дар робита ба бедаракшавии ду ҷавон дар марз
Мактуби Қирғизистон ба Тоҷикистон дар робита ба бедаракшавии ду ҷавон дар марз
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Қирғизистон дар робита ба бедаракшавии ду ҷавони қирғиз дар минтақаи марзӣ ба ҷониби Тоҷикистон низ мактуб фиристодаанд
2021-04-24T16:07+0500
2021-04-24T16:07+0500
2021-04-24T17:12+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
осиёи марказӣ
марз
ҷавон
бедарак
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_f825b39bd1bf9675845cd8aa9944b198.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дар робита ба бедаракшавии ҷавонони қирғиз, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон ба сохтмон машғул будаанд, мулоқоти мақомдорони марзбонии ду кишвар сурат гирифтааст. Инчунин барои мусоидат дар пайдо намудани ҷавонон аз ҷониби мақомоти қирғиз ба ноҳияҳои марзӣ мактуб фиристода шудааст, хабар дод Sputnik Қирғизистон. Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, дар ин робита ба нопадидшавии ҷавонон аллакай мулоқоти намояндагони қисмати марзбонии ноҳияи Лайлак ва минтақаи сарҳадии Ғончӣ баргузор шудааст. Аммо дар мавриди ҷои будубоши ҷавонон то ҳол ҳеч иттилое нест. Расонаҳои қирғизӣ навиштаанд, ду ҷавон, ки ҳар ду 19 сол доштаанд, шаби 24 апрел аз мавзеи Эски-Оочуи деҳоти Бешкенти ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нопадид шуданд. Қаблан дар интернет наворе паҳн шуда буд, ки дар он як модар аз ғайб задани писараш ва шиносаш хабар медиҳад. Ҷавонон дар наздикии марз як коргоҳ месохтанд ва шабона аз хаймаи назди сохтмон нопадид шуданд. Хабар дода мешавад, ки ҷавонон шабро дар хайма барои посбонии масолеҳи сохтмонӣ мегузарондаанд. Ба гуфтаи модари яке аз нопадидшудаҳо, дар ҷои иқоматашон нишонаҳои хун дида шуданд ва ашёи шахсӣ ҳама дар ҷояшон буданд. Сардори вилоят Омурбек Суваналиев ба сохторҳои қудратии минтақа дастур додаст, ки гумшудаҳоро пайдо кунанд. Ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон низ, ки бо ноҳияи Лайлак ҳаммарз аст, мактуб фиристода шуд.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 972 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.
https://sputnik.tj/20210409/rahnsmo-vorukh-bahs-1035185672.html
https://sputnik.tj/20210409/karonavirus-qirgiziston-handaq-marz-1035191496.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_060b3e293cb793f312a1fd4042e851d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз, сохтмон, ғайриқонунӣ
марз, сохтмон, ғайриқонунӣ
Мактуби Қирғизистон ба Тоҷикистон дар робита ба бедаракшавии ду ҷавон дар марз
16:07 24.04.2021 (Навсозишуда: 17:12 24.04.2021) Мақомоти Қирғизистон дар робита ба бедаракшавии ду ҷавони қирғиз дар минтақаи марзӣ, ба ҷониби Тоҷикистон низ мактуб фиристодаанд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дар робита ба бедаракшавии ҷавонони қирғиз, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон ба сохтмон машғул будаанд, мулоқоти мақомдорони марзбонии ду кишвар сурат гирифтааст. Инчунин барои мусоидат дар пайдо намудани ҷавонон аз ҷониби мақомоти қирғиз ба ноҳияҳои марзӣ мактуб фиристода шудааст, хабар дод Sputnik Қирғизистон.
Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, дар ин робита ба нопадидшавии ҷавонон аллакай мулоқоти намояндагони қисмати марзбонии ноҳияи Лайлак ва минтақаи сарҳадии Ғончӣ баргузор шудааст. Аммо дар мавриди ҷои будубоши ҷавонон то ҳол ҳеч иттилое нест.
Расонаҳои қирғизӣ навиштаанд, ду ҷавон, ки ҳар ду 19 сол доштаанд, шаби 24 апрел аз мавзеи Эски-Оочуи деҳоти Бешкенти ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нопадид шуданд.
Қаблан дар интернет наворе паҳн шуда буд, ки дар он як модар аз ғайб задани писараш ва шиносаш хабар медиҳад. Ҷавонон дар наздикии марз як коргоҳ месохтанд ва шабона аз хаймаи назди сохтмон нопадид шуданд.
Хабар дода мешавад, ки ҷавонон шабро дар хайма барои посбонии масолеҳи сохтмонӣ мегузарондаанд. Ба гуфтаи модари яке аз нопадидшудаҳо, дар ҷои иқоматашон нишонаҳои хун дида шуданд ва ашёи шахсӣ ҳама дар ҷояшон буданд.
Сардори вилоят Омурбек Суваналиев ба сохторҳои қудратии минтақа дастур додаст, ки гумшудаҳоро пайдо кунанд. Ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон низ, ки бо ноҳияи Лайлак ҳаммарз аст, мактуб фиристода шуд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 972 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.