То замони беҳ шудани вазъи COVID-19 дар Қирғизистон, хандақҳо дар марз бардошта намешавад

© Sputnik Траншея на таджикско-киргизской границе
Траншея на таджикско-киргизской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Обуна шудан
Масъулони ҳукумати ноҳияи Б. Ғафуров мегуянд, то замони ба эътидол омадани вазъи сироятёбӣ ба COVID-19 дар кишвари Қирғизистон роҳу кучаҳое, ки дар ҳудуди деҳоти ин ноҳия дар наздикии марз мавҷудбуда ба пуррагӣ боз карда намешавад
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Баҳори соли 2020 дар замони хуруҷи бемории каронавирус масъулин дар ноҳияи Б. Ғафуров бо кофтани хандақ (траншек) 17 чунин роҳу кӯчаҳои ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчи-Қалъачаро, ки дар марз бо Қирғизистон воқеанд, бастанд.
Барои пешгирӣ аз убури ғайриқонунии марз дар чунин кучаҳо камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуданд.
Ҷониби Қирғистон ҳам истифода аз хизматрасонии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворе, ки дар марз дар канори роҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров- Конибодом ҷойгиранд, барои сокинони Тоҷикистон манъ намуд.
Председатель Бободжон-Гафуровского района Согдийской области Зафарбек Давлатзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Давлатзода вазъи марз бо Қирғизистонро шарҳ дод: ӯ гуфт, киҳо ҳуқуқи убури марзро доранд
Ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо деҳоти Қирғизистон ҳамсарҳад мебошанд. Хистеварз 22, 5 ва Овчӣ – Қалъача 18, 4 километр бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳад доранд.
Чанде қабл масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи боз шудани баъзе чунин роҳу кӯчаҳе, ки дар Хистеварз дар наздикии марз мавҷудбударо ҳамвор намудаанд, то ки барои сокинон рафтан ба сари киштзорҳояшон осон гардад.
Як корманди ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамор кардани хандақҳо ва боз шудани кучаҳо ба вазъи сироятёбӣ ба COVID-19 дар Қирғизистон вобаста аст.

“Кучаҳое, ки барои гаштугузори сокинон зарур буд, ҳамвор карда шуданд ва ҳоло сокинон бе мушкил ба сари заминҳои кишти худ рафта метавонанд. Вале кучаҳое, ки дар он убури ғайриқонунии марз эҳтимол дорад ҳамоно баста мемонанд. Боз намудани чунин кучаҳо, бо иҷозати мақомоти сарҳадбонӣ ва масъулони Ситоди мубориза бо каронавирус сурат мегирад”, - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилоъи Вазорати тандурустии Қирғизистон шабонарӯзи охир дар ин кишвар 151 ҳолати сироятёбӣ ба каронавирус сабт шудааст. Ба иттилоъи ин ниҳод то имрӯз дар ин ҳамсоякишвар дар маҷмӯъ 89 811 нафар ба каронавирус сироят шуда, аз ин шумор 85 719 кас шифо ёфта, 1516 нафар фавтидааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз моҳи апрел то моҳи декабри соли 2020 дар кишвар дар умум 13 ҳазору 308 нафар ба бемории каронавирус сироят шуда, аз ин шумор 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.
Рустам Эмомали и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2021
Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард
Ба пайи хуруҷи каронавирус аз баҳори соли 2020 то ин вақт марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста аст.
Сокинони наздимарзии Қирғизистон аз Тоҷикистон маводи озуқавории нисбатан арзони тоҷикӣ барои худ ворид мекарданду сокинони Тоҷикистон дар навбати худ аз сӯзишвории арзони қирғизӣ мехариданд. Вале ҳудуди як сол ба ин тараф чунин муомилоти тиҷорӣ дар марз ба далели баста будани гузаргоҳҳо қатъ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0