https://sputnik.tj/20210403/Bayde-Zelenskiy-Rusiya-Ukraina-1033126142.html
Байден ба Зеленский ваъда дод, ки дар ҳолати ҷанг бо Русия Украинаро дастгирӣ мекунад
Байден ба Зеленский ваъда дод, ки дар ҳолати ҷанг бо Русия Украинаро дастгирӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти ИМА Ҷо Байден ба ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский итминон дод, ки Вашингтон дастгирии Киевро идома хоҳад дод 03.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-03T12:17+0500
2021-04-03T12:17+0500
2021-04-12T14:33+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
украина
има
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1e/1032188425_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_9a8e55d4a7b237f344406e611ec7ba99.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апрел - Sputnik. Президентҳои Иёлоти Муттаҳида ва Украина Ҷо Байден ва Владимир Зеленский рӯзи ҷумъаи 2 апрел нахустин гуфтугӯи телефонии худро баргузор карданд, ки дар ҷараёни он раҳбари ИМА омодагии худро барои дастгирии низомӣ ба Киев дар пасманзари "таҷовузи Русия" тасдиқ кард.Президенти ИМА Ҷо Байден ҳамтои украинии худро итминон дод, ки ИМА минбаъд низ Киевро дастгирӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи раҳбари Амрико, Вашингтон ба ҳифзи "соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина" кумак хоҳад кард."Президент Байден бори дигар дастгирии Иёлоти Муттаҳида аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро дар назди таҷовузи давомдори Русия дар Донбас ва Қрим тасдиқ кард", - гуфт Кохи Сафед дар изҳороташ.Байден дар суҳбат бо Зеленский, ӯро ба дастгирии ислоҳоти дар Украина гузаронидашуда итминон дод.Қобили зикр аст, ки қаблан Вазорати дифои Украина эълом дошт, ки Вашингтон Киевро "дар сурати афзоиши таҷовузи Русия" дастгирӣ хоҳад кард. Тибқи ин паём, ваъдаи Пентагон ба вазъи Қрим дахл дорад. Ҷониби Амрико инчунин ёдовар шуд, ки аз соли 2015 инҷониб, ИМА ба амнияти Киев беш аз 2 миллиард доллар кӯмак ҷудо кардааст.Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки гуфтугӯ дар бораи муноқишаи эҳтимолӣ байни Русия ва Украина як тахайули дигари Киев аст. Маскав ба бархӯрд бо ҷониби Украина манфиатдор нест, алахусус дар умури низомӣ.Песков: Путин намегузорад, ки Амрико бо Русия аз мавқеи зурӣ суҳбат кунадДар навбати худ, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки пайдо шудани фарзияи артиши Амрико дар Украина ҳатман Русияро ба "чораҳои иловагӣ" бармеангезад. Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар хатти тамос дар Донбасс алакай "хеле ваҳшатнок" аст, ки онро иғвоҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина шадидтар кардаанд.
https://sputnik.tj/20210402/lavrov-ima-russia-tojikiston-1033123163.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1e/1032188425_270:0:3001:2048_1920x0_80_0_0_baa33166a51949812271c2fda889e2dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, украина, има, дар русия
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, украина, има, дар русия
Байден ба Зеленский ваъда дод, ки дар ҳолати ҷанг бо Русия Украинаро дастгирӣ мекунад
12:17 03.04.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Президенти ИМА Ҷо Байден ба ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский итминон дод, ки Вашингтон дастгирии Киевро идома хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 3 апрел - Sputnik. Президентҳои Иёлоти Муттаҳида ва Украина Ҷо Байден ва Владимир Зеленский рӯзи ҷумъаи 2 апрел нахустин гуфтугӯи телефонии худро баргузор карданд, ки дар ҷараёни он раҳбари ИМА омодагии худро барои дастгирии низомӣ ба Киев дар пасманзари "таҷовузи Русия" тасдиқ кард.
Президенти ИМА Ҷо Байден ҳамтои украинии худро итминон дод, ки ИМА минбаъд низ Киевро дастгирӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи раҳбари Амрико, Вашингтон ба ҳифзи "соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина" кумак хоҳад кард.
"Президент Байден бори дигар дастгирии Иёлоти Муттаҳида аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро дар назди таҷовузи давомдори Русия дар Донбас ва Қрим тасдиқ кард", - гуфт Кохи Сафед дар изҳороташ.
Байден дар суҳбат бо Зеленский, ӯро ба дастгирии ислоҳоти дар Украина гузаронидашуда итминон дод.
Қобили зикр аст, ки қаблан Вазорати дифои Украина эълом дошт, ки Вашингтон Киевро "дар сурати афзоиши таҷовузи Русия" дастгирӣ хоҳад кард. Тибқи ин паём, ваъдаи Пентагон ба вазъи Қрим дахл дорад. Ҷониби Амрико инчунин ёдовар шуд, ки аз соли 2015 инҷониб, ИМА ба амнияти Киев беш аз 2 миллиард доллар кӯмак ҷудо кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки гуфтугӯ дар бораи муноқишаи эҳтимолӣ байни Русия ва Украина як тахайули дигари Киев аст. Маскав ба бархӯрд бо ҷониби Украина манфиатдор нест, алахусус дар умури низомӣ.
Дар навбати худ, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки пайдо шудани фарзияи артиши Амрико дар Украина ҳатман Русияро ба "чораҳои иловагӣ" бармеангезад. Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар хатти тамос дар Донбасс алакай "хеле ваҳшатнок" аст, ки онро иғвоҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина шадидтар кардаанд.