https://sputnik.tj/20210423/vkd-maktabhon-kormandi-vazorat-bozdosht-1039001110.html
Корманди “вазорат” боздошту ба ҷавобгарӣ ҷалб шуд: хонандаи синфи 11 будааст
Корманди “вазорат” боздошту ба ҷавобгарӣ ҷалб шуд: хонандаи синфи 11 будааст
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи наворе нисбати волидони ду ноболиғ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии парванда тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол кардааст
2021-04-23T18:21+0500
2021-04-23T18:21+0500
2021-04-23T19:16+0500
дар тоҷикистон
парванда
боздошт
рвкд ҷт дар шаҳри душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101443/56/1014435638_0:83:1601:983_1920x0_80_0_0_c24c542b7d79b55ed2138552bdb8cb89.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби як нафар наврас бо дастпанҷа зарба задани марди дар курси хобидае инъикос ёфта, ки вокунишҳои зиёди манфии шаҳрвандонро ба миён овард. Зимнан, корбарону истифодабаранадагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ин ҳолат мавриди санҷиш қарор дода шуда, нисбати кирдори наврасон баҳои қонунӣ дода шавад.Гуфта мешавад, ҳар ду ноболиғ ва волидайнашон ба Раёсати ВКД дастрас карда шуданд.“Зимни пурсиш номбурдагон изҳор доштанд, ки санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ тахминан соати 12:40 дақиқа ҳангоми гаштугузор дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди бозори “Саховат” марди дар курси хобидаро дида, байни худ маслиҳат карда, ноболиғ А.М. тавассути дастпанҷа як маротиба ба рӯи мард маезанад ва муқоваи шиноснамаашро нишон дода, худро корманди “вазорат” муаррифӣ мекунад”, - афзудааст манбаъ.Ин ҳолатро рафиқаш ноболиғ Р.Ш. ба навор гирифта, тариқи саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст.Ин ниҳод гуфтааст, баъди пурра мавриди санҷиш қарор гирифтани навори мазкур бо назардошти он ки дар кирдори ноболиғон вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дида мешавад, нисбати волидайнашон бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуданд.
https://sputnik.tj/20210419/dollar-qalbaki-javon-nobolig-bozdosht-1038575629.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101443/56/1014435638_90:0:1509:1064_1920x0_80_0_0_fc17ca1cb8f3e2c13f48f344ca6f2f64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд, боздошт, ноболиғ
Корманди “вазорат” боздошту ба ҷавобгарӣ ҷалб шуд: хонандаи синфи 11 будааст
18:21 23.04.2021 (Навсозишуда: 19:16 23.04.2021) Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе баъди таҳқиқи наворе ду ноболиғро, ки худро корманди “вазорат” гуфтанд, боздошт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардааст
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар
сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби як нафар наврас бо дастпанҷа зарба задани марди дар курси хобидае инъикос ёфта, ки вокунишҳои зиёди манфии шаҳрвандонро ба миён овард.
Зимнан, корбарону истифодабаранадагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ин ҳолат мавриди санҷиш қарор дода шуда, нисбати кирдори наврасон баҳои қонунӣ дода шавад.
Дар натиҷаи санҷиши навор аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян гардид, ки ин амал аз ҷониби ду нафар ноболиғон, хонандагони синфи 11 яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт содир шудааст.
Гуфта мешавад, ҳар ду ноболиғ ва волидайнашон ба Раёсати ВКД дастрас карда шуданд.
“Зимни пурсиш номбурдагон изҳор доштанд, ки санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ тахминан соати 12:40 дақиқа ҳангоми гаштугузор дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди бозори “Саховат” марди дар курси хобидаро дида, байни худ маслиҳат карда, ноболиғ А.М. тавассути дастпанҷа як маротиба ба рӯи мард маезанад ва муқоваи шиноснамаашро нишон дода, худро корманди “вазорат” муаррифӣ мекунад”, - афзудааст манбаъ.
Ин ҳолатро рафиқаш ноболиғ Р.Ш. ба навор гирифта, тариқи саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, баъди пурра мавриди санҷиш қарор гирифтани навори мазкур бо назардошти он ки дар кирдори ноболиғон вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дида мешавад, нисбати волидайнашон бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуданд.