https://sputnik.tj/20210423/tojikistonu-uzbekiston-panjakent-rohi-ohan-1038979499.html
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масири Панҷакент - Булунғур/Ҷомбой роҳи оҳан месозанд
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масири Панҷакент - Булунғур/Ҷомбой роҳи оҳан месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ӯзбекистон талош доранд шаҳри Панчакент ва вилояти Самарқандро бо роҳи оҳан пайваст созанд
2021-04-23T12:18+0500
2021-04-23T12:18+0500
2021-04-23T12:52+0500
дар тоҷикистон
вазорати нақлиёт
ӯзбекистон
роҳи оҳан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/05/1032026124_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_57ea9af58caf00b8e297a770e5ee1050.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Душанбе вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт доир гардид.Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти кишвар, дар ҷаласа, намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон иштирок намуданд.Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа, ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, рушди долони нақлиётии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон - Хитой”, барқарорсозии фаъолияти гузаргоҳи байнисарҳадии “Ҳаштяк - Бекобод”, электрификатсиякунони қитъаи роҳи оҳани “Бекобод (Ӯзбекистон) Спитамен – Истиқлол (Тоҷикистон)-ро баррасӣ кардаанд.Ҳамзамон масъалаи сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи “Панҷакент (Тоҷикистон) – Булунғур/Ҷамбой (Ӯзбекистон), зиёд намудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳан қитъаи “Бекобод - Истиқлол” ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.Дар натиҷа, бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин андешидани тадбирҳо дар ҳамбастагӣ, аз тарафи ҷонибҳо протоколи дахлдор ба имзо расид, афзудааст манбаъ.
https://sputnik.tj/20210330/Azmi-Tojikiston-sokhtmon-roh-ohan-Afgoniston-1033099006.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/05/1032026124_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_dc23ba679e95419d71cea3a765440211.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, панҷакент, роҳи оҳан
тоҷикистон, ӯзбекистон, панҷакент, роҳи оҳан
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масири Панҷакент - Булунғур/Ҷомбой роҳи оҳан месозанд
12:18 23.04.2021 (Навсозишуда: 12:52 23.04.2021) Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сохтмони роҳи оҳани нав дар масири шаҳри “Панҷакент то ноҳияҳои Булунғур/Ҷамбойи вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Душанбе вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт доир гардид.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти кишвар, дар ҷаласа, намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа, ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, рушди долони нақлиётии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон - Хитой”, барқарорсозии фаъолияти гузаргоҳи байнисарҳадии “Ҳаштяк - Бекобод”, электрификатсиякунони қитъаи роҳи оҳани “Бекобод (Ӯзбекистон) Спитамен – Истиқлол (Тоҷикистон)-ро баррасӣ кардаанд.
Ҳамзамон масъалаи сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи “Панҷакент (Тоҷикистон) – Булунғур/Ҷамбой (Ӯзбекистон), зиёд намудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳан қитъаи “Бекобод - Истиқлол” ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Дар натиҷа, бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин андешидани тадбирҳо дар ҳамбастагӣ, аз тарафи ҷонибҳо протоколи дахлдор ба имзо расид, афзудааст манбаъ.