https://sputnik.tj/20210423/shahrvandoni-tojikiston-bozdoshtgoh-rusia-1038977813.html
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз боздоштгоҳи Сахарова ба ватан фиристода мешаванд
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз боздоштгоҳи Сахарова ба ватан фиристода мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Қисме аз шаҳврандони Тоҷикистон аз боздоштгоҳи муваққатии Сахарова ба ватан фиристода мешванд.
2021-04-23T12:00+0500
2021-04-23T12:00+0500
2021-04-23T12:51+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
боздоштгоҳ
фиристодан
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102980/79/1029807968_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_fa6d548622eeea105d7176254d1572cd.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 23 апрел, 15 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зиёда аз як моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Москва қарор доштанд, ба Ватан гусел карда мешаванд.Дар ин бора Сафаорти Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки кормандони сафорат ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав рафта, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муассиса шинос гардидаанд.Маълум шуд, ки чӣ қадар муҳоҷири тоҷик дар Маскав астТибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот бо роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ шудааст.Кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон мулоқот карда, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва машваратҳои ҳуқуқӣ додаанд. Ба онҳо оид ба қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот пешниҳод гардид."Феълан дар боздоштгоҳи мазкур 37 нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 35 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба таври ройгон таҳия гардида барои 2 шаҳрванди дигар, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоштанд, дархост ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани шахсияташон фиристода шуд", - омадааст дар хабарнома. Сафорат мегӯд, пас аз ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳрвандони зикршуда ба Тоҷикистон бозгардонида мешаванд.Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шудааст.Манбаъ афзуда, ки корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштшуда, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия анҷом дода мешаванд.
https://sputnik.tj/20210419/maskav-norasoi-muhojiron-sokhtmon-1038590150.html
https://sputnik.tj/20210416/hushdori-noibi-vazir-rusiya-deporti-tojikiston-1038537941.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102980/79/1029807968_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_7867f256cc115578d71d6deddc361a28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сахарова, маскав, муҳоҷирон, фиристодан
сахарова, маскав, муҳоҷирон, фиристодан
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз боздоштгоҳи Сахарова ба ватан фиристода мешаванд
12:00 23.04.2021 (Навсозишуда: 12:51 23.04.2021) Қисме аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Сахарова қарор доранд ба Ватан фиристода мешаванд
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 23 апрел, 15 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зиёда аз як моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Москва қарор доштанд, ба Ватан гусел карда мешаванд.
Дар ин бора Сафаорти Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки кормандони сафорат ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав рафта, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муассиса шинос гардидаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот бо роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ шудааст.
Кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон мулоқот карда, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва машваратҳои ҳуқуқӣ додаанд. Ба онҳо оид ба қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот пешниҳод гардид.
"Феълан дар боздоштгоҳи мазкур 37 нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 35 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба таври ройгон таҳия гардида барои 2 шаҳрванди дигар, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоштанд, дархост ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани шахсияташон фиристода шуд", - омадааст дар хабарнома.
Сафорат мегӯд, пас аз ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳрвандони зикршуда ба Тоҷикистон бозгардонида мешаванд.
Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шудааст.
Манбаъ афзуда, ки корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштшуда, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия анҷом дода мешаванд.