https://sputnik.tj/20210423/muminova-dar-borai-qurbonali-abdulloev-1038972386.html
Дӯсти вафодор ва инсони хоксор: Ҳаётой Муъминова дар бораи Қурбоналӣ Абдуллоев
Дӯсти вафодор ва инсони хоксор: Ҳаётой Муъминова дар бораи Қурбоналӣ Абдуллоев
Sputnik Тоҷикистон
Қурбоналӣ Абдуллоев дар хотири мардуми тоҷик чун ҳунарманди асил бо сабку услуби ба худ хос боқӣ мемонад.
2021-04-23T09:30+0500
2021-04-23T09:30+0500
2021-04-23T14:45+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
даргузашт
ҳунарманд
хотира
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0b/1032604485_0:215:1280:936_1920x0_80_0_0_03bcd1e73295daf6063f0c1a91a2486b.jpg
Агар умр вафо мекард, овозхони шинохтаи тоҷик Қурбоналӣ Абудллоев имрӯз 58 сола мешуд. Қурбоналӣ Абдуллоевро ҳунармандони тоҷик ҳамсафону ҳамкорон чун ҳунарманди асил, инсони боодоб, хушрафтор, самимӣ ва хоксор медонанд. Дӯсти вафодор ва инсони хоксорҲаётой Муъминова ҳунарманди шинохтаи тоҷик дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Қурбоналӣ Адбуллоев миёни мухлисонаш бо сабку услуби хос шуҳрат дошт.Ба қавли сароянда дар ин замон пайдо кардани дӯсте ба мисли Қурбоналӣ Абдуллоев хеле душвор аст ва кам ёфт мешаванд, ҳунармандоне, ки ҳам ҳунари воло ва ҳам хислатҳои хуби инсонӣ дошта бошанд.Гиряи Қурбоналӣ Абдуллоев барои модарҲамкорӣ бо Қурбоналӣ Абудллоевро ба ёд оварда Ҳаётой Муъминова мегӯяд, марҳум бисёр инсони эҳсосотӣ буд. Сароянда аз сабти як барномае ёдовар шуд ва гуфт, чӣ гуна Абдуллоев барои модараш ашк рехт.Дар ҳамин ҳол коргардони барнома Орзу Исоев аз марум хоҳиш кардааст, ки сурудашро як дубли дигар сабт кунанд, аммо Абдуллоев чунон дар образ будааст, ки гуфтааст дигар наметавонад ва ашкони чашмашро пок карда дар назди Ҳаётой нишастааст.Тарки саҳна ва марги нобаҳангомҚурбоналӣ Абдуллоев, моҳи майи соли 2020 эълон кард, ки ба фаъолияти овозхонияш хотима мебахшад, аммо сабаби чунин тасмимашро шарҳ надода буд.“Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам бисёр узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи мағфират маро мебахшед. Боқӣ Аллоҳ нигоҳбонатон, ОМИН” - навишта буд овозхон.Ҳаётой Муъминова мегӯяд, сабаби тарки саҳна кардани Қурбоналӣ Абдуллоев суолест бе ҷавоб, вале ба гуфти сароянда баъзе беадолативу ноҷуриҳо нисбати истеъдодро на ҳар кас метавонад таҳаммул кунад.Қурбоналӣ Абдуллоев, моҳи январ дар синни 57-солагӣ аз дунё даргузашт. Чанд моҳ пеш аз вафоташ ҳунарманд ба бемории ҳамагири "коронавирус" гирифтор шуда будҚурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошта, бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур аст.Беш аз сӣ сари сол дар саҳнаи ҳунари тоҷик овозхонӣ мекард. Ӯ солиёни зиёд дар ансамбли "Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион кор карда, соли 2015 аз ин даргоҳ ба нафақа баромад.Мардуми тоҷик Қурбоналӣ Абдуллоевро бо сурудҳои "Қишлоқаки ман", "Модар", "Куҷо меравӣ азизам", "Хаёли хом", "Хоки Ватан", "Рақси гулҳо", "Бибӯсам", "Шоҳдухтари сомонӣ", "Сари зулф", "Нимроҳ" ва дигарҳо машҳур аст.Ҳамчунин овозхон бо ҳунармандони зиёде дуэт сароидааст, ик машҳуртаринашон "Алвидоъ" ва Ёри вафодор" бо Лола Азизова, "Худо ҳофиз" бо Нигина Амонқулова, "Эй ёре" бо Муҳаррама Шарипова ва "Туро хоҳам" бо Ҳанифа Қурбонова мебошанд.Бар асоси Донишномаи озод, Қурбоналӣ Абдуллоев 23 апрели соли 1963 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, ӯ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1987 хатм намудааст.Аз марҳум панҷ фарзанд боқӣ монд, ки яке аз онҳо бо номи Кароматуллоҳи Қурбон роҳи падарро интихоб карда, муҳассили мактаби мусиқӣ аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0b/1032604485_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_7db3ef3a24e19c63a9bed67be1d5aede.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурбоналӣ абдуллоев, ҳунарманд, асил, даргузашт, шарҳи ҳол
қурбоналӣ абдуллоев, ҳунарманд, асил, даргузашт, шарҳи ҳол
Дӯсти вафодор ва инсони хоксор: Ҳаётой Муъминова дар бораи Қурбоналӣ Абдуллоев
09:30 23.04.2021 (Навсозишуда: 14:45 23.04.2021) Ҳаётой Муъминова сарояндаи саршиноси тоҷик мегӯяд, Қурбоналӣ Абдуллоев ҳунарманди асил ва инсони комил буд
Агар умр вафо мекард, овозхони шинохтаи тоҷик Қурбоналӣ Абудллоев имрӯз 58 сола мешуд. Қурбоналӣ Абдуллоевро ҳунармандони тоҷик ҳамсафону ҳамкорон чун ҳунарманди асил, инсони боодоб, хушрафтор, самимӣ ва хоксор медонанд.
Дӯсти вафодор ва инсони хоксор
Ҳаётой Муъминова ҳунарманди шинохтаи тоҷик дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон гуфт, Қурбоналӣ Адбуллоев миёни мухлисонаш бо сабку услуби хос шуҳрат дошт.
"Муҳим аз ҳама Қурбоналӣ Абдуллоев инсони хоксор буд. Сарояндае, буд, ки бо сабку услуби хосаш дар байни мухлисонаш машҳуру маҳбуб буд. Дар дӯстӣ устувор ва хеҷ гоҳ ба ягон дӯсташ хиёнат накардааст", - гуфт Ҳаётой Муъминова.
Ба қавли сароянда дар ин замон пайдо кардани дӯсте ба мисли Қурбоналӣ Абдуллоев хеле душвор аст ва кам ёфт мешаванд, ҳунармандоне, ки ҳам ҳунари воло ва ҳам хислатҳои хуби инсонӣ дошта бошанд.
Гиряи Қурбоналӣ Абдуллоев барои модар
Ҳамкорӣ бо Қурбоналӣ Абудллоевро ба ёд оварда Ҳаётой Муъминова мегӯяд, марҳум бисёр инсони эҳсосотӣ буд. Сароянда аз сабти як барномае ёдовар шуд ва гуфт, чӣ гуна Абдуллоев барои модараш ашк рехт.
"Дар хотир дорам сабти барномаи фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи Модарон дар ТВ "Сафина" буд. Қурбоналӣ сабти суруди ҳар як сарояндаро бо диққат бо чашмони пур аз ашк гӯш мекард, суруди худашро низ бо як дубл бо тамоми эҳсос сароида сабт намуд", - нақл кард сароянда.
Дар ҳамин ҳол коргардони барнома Орзу Исоев аз марум хоҳиш кардааст, ки сурудашро як дубли дигар сабт кунанд, аммо Абдуллоев чунон дар образ будааст, ки гуфтааст дигар наметавонад ва ашкони чашмашро пок карда дар назди Ҳаётой нишастааст.
"Гуфт ҳаминқадар пазмони Модарам шудам..... Эҳ ...биё Бонуҷон як акси хотиравӣ мегирем ва бо хандахои қоҳ-қоҳ хандид.... Қурбоналӣ ба ман боре хам апаи Ҳаётой гуфта муроҷиат намекард, ҳамеша бо як иззату икром навозишкорона Бону ном мебурд", - ба хотир меорад Ҳаётой.
Тарки саҳна ва марги нобаҳангом
Қурбоналӣ Абдуллоев, моҳи майи соли 2020 эълон кард, ки ба фаъолияти овозхонияш хотима мебахшад, аммо сабаби чунин тасмимашро шарҳ надода буд.
“Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам бисёр узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи мағфират маро мебахшед. Боқӣ Аллоҳ нигоҳбонатон, ОМИН” - навишта буд овозхон.
Ҳаётой Муъминова мегӯяд, сабаби тарки саҳна кардани Қурбоналӣ Абдуллоев суолест бе ҷавоб, вале ба гуфти сароянда баъзе беадолативу ноҷуриҳо нисбати истеъдодро на ҳар кас метавонад таҳаммул кунад.
"Курбоналӣ бисёр шахси эхсосотӣ буд. Посухи ин саволатонро ӯ бо худ бурд. Баъзан беадолативу ноҷуриҳо нисбати истедодро на ҳама асабҳо таҳаммул карда метавонад. Фикр мекунам ноҷӯриву беқадрии ҳунари асилро ба дил бисёр наздик гирифт, зеро боре вокуниш карда ғуборашро намебаровард, аз баски маърифати хеле баланд дошт, ориф буд", - хулоса кард Ҳаётой Муъминова.
Қурбоналӣ Абдуллоев,
моҳи январ дар синни 57-солагӣ аз дунё даргузашт. Чанд моҳ пеш аз вафоташ ҳунарманд ба бемории ҳамагири "коронавирус" гирифтор шуда буд
Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошта, бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур аст.
Беш аз сӣ сари сол дар саҳнаи ҳунари тоҷик овозхонӣ мекард. Ӯ солиёни зиёд дар ансамбли "Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион кор карда, соли 2015 аз ин даргоҳ ба нафақа баромад.
Мардуми тоҷик Қурбоналӣ Абдуллоевро бо сурудҳои "Қишлоқаки ман", "Модар", "Куҷо меравӣ азизам", "Хаёли хом", "Хоки Ватан", "Рақси гулҳо", "Бибӯсам", "Шоҳдухтари сомонӣ", "Сари зулф", "Нимроҳ" ва дигарҳо машҳур аст.
Ҳамчунин овозхон бо ҳунармандони зиёде дуэт сароидааст, ик машҳуртаринашон "Алвидоъ" ва Ёри вафодор" бо Лола Азизова, "Худо ҳофиз" бо Нигина Амонқулова, "Эй ёре" бо Муҳаррама Шарипова ва "Туро хоҳам" бо Ҳанифа Қурбонова мебошанд.
Бар асоси Донишномаи озод, Қурбоналӣ Абдуллоев 23 апрели соли 1963 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Пас аз хатми мактаби миёна, ӯ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1987 хатм намудааст.
Аз марҳум панҷ фарзанд боқӣ монд, ки яке аз онҳо бо номи Кароматуллоҳи Қурбон роҳи падарро интихоб карда, муҳассили мактаби мусиқӣ аст.