https://sputnik.tj/20210423/ahmadjon-hez-hez-charo-oba-nahurdi-qotili-kudaki-7-sola-guft-ki-chiguna-kusht---video-1038983338.html
Аҳмадҷон, хез-хез, чаро об нахӯрдӣ?! "қотил"-и кӯдаки 7-сола гуфт, ки чигуна кушт - видео
Аҳмадҷон, хез-хез, чаро об нахӯрдӣ?! "қотил"-и кӯдаки 7-сола гуфт, ки чигуна кушт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Муборак Муборак Абдураҳимонова, як зани 53-сола дар Душанбе ба куштори писараки 7-сола муттаҳам мешавад
2021-04-23T13:47+0500
2021-04-23T13:47+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
душанбе
куштор
кӯдак
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032468073_0:1706:2049:2858_1920x0_80_0_0_4be95dba10370561f7da3de7b17e09f7.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Муборак Абдураҳмонова, як сокини 53-солаи Душанбе, ки дар куштори хешованди шавҳараш, кӯдаки 7-сола, Аҳмадҷон Абдураҳмонов гумонбар дониста мешавад, ба кормандони милиса гуфтааст, ки чигуна даст ба ин куштори мудҳиш задааст.Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар як гузориши вижаи телевизионӣ ин ҳодисаро тавзеҳ додааст.Ёдрас мешавем, қазияи пурсарусадои куштори кӯдакӣ 7-сола, 5 марти соли равон дар кӯчаи Кошевойи шаҳри Душанбе рух дод. Ҳамон рӯз, Аҳмадҷон Абдураҳмонов, хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50-и шаҳри Душанбе баъд аз дарс ба хона барнагашт. Пас аз чанд соати ҷустуҷӯ ҷасади кӯдакро аз манзили ҳамсоя ва хешовандашон-амаки падараш дар оғӯштаи хун пайдо карданд.Тавре хешовандони хонавода ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дода буданд, ҷасадро соҳибхона, амаки падари Аҳмадҷон вақте пайдо кард, ки дар хонаашон касе набуд. Ҳамсари мард, Муборак Абдураҳмонова хонаро қулф задаву ғайб зада буд.Дертар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаро тавзеҳ дода хабар дод, ки гумонбар дар куштор Муборак Абдураҳмоноваро дастгир карданд.Тавре дар гузориши ВКД гуфта мешавад, баҳри пурра муайян намудани ҳолати мазкур аз ҷониби милитсияи ва прокуратураи ноҳияи Сино гурӯҳи оперативӣ созмон дода шуда, як қатор чораҷӯиҳои оператвиӣ ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуд.Номбурда баъд аз содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ба хотири аз ҷавобгарии ҷиноятӣ пинҳон шудан аз ҷои ҳодиса фирор намудааст. "Дастгиршуда Абдураҳмонова Муборак зимни пурсиш ба пешбурди корҳои тафтишотӣ пурра ба ҷинояти содикардаи худ иқрор гардида иброз дошт, ки маҳз ба хотири хусумату бадбинӣ ва нофаҳмиҳои оилавӣ даст ба ин кирдори ваҳшиёна задааст", - таъкид мекунад манбаъ. Номбурда 5 марти соли ҷорӣ марҳумро бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш дават намуда, бо роҳи буғӣ ва сипас лату кӯб, бо як бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат расонидааст.Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати 25 сол ё ҳукми абадро бо мусодираи молу мулк пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20210318/Zan-kudaki-poytakht-kusht-firor-bozdosht-1033022332.html
https://sputnik.tj/20210309/qatl-dushanbe-kudak-1032973589.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032468073_0:1514:2049:3050_1920x0_80_0_0_b2bc25cda5800fa68638738f3eb67829.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
куштор зан кӯдак
Аҳмадҷон, хез-хез, чаро об нахӯрдӣ?! "қотил"-и кӯдаки 7-сола гуфт, ки чигуна кушт - видео
13:47 23.04.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Ҳодисаи пурсарусадои куштори кӯдаки 7-сола дар Душанбе ошкор шуд. Гумонбар дар куштори писарак ба кормандони милиса гуфт, ки чигуна даст ба ин амали нангин зад
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Муборак Абдураҳмонова, як сокини 53-солаи Душанбе, ки дар куштори хешованди шавҳараш, кӯдаки 7-сола, Аҳмадҷон Абдураҳмонов гумонбар дониста мешавад, ба кормандони милиса гуфтааст, ки чигуна даст ба ин куштори мудҳиш задааст.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар як гузориши вижаи телевизионӣ ин ҳодисаро тавзеҳ додааст.
Ёдрас мешавем, қазияи пурсарусадои куштори кӯдакӣ 7-сола, 5 марти соли равон дар кӯчаи Кошевойи шаҳри Душанбе рух дод.
Ҳамон рӯз, Аҳмадҷон Абдураҳмонов, хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50-и шаҳри Душанбе баъд аз дарс ба хона барнагашт. Пас аз чанд соати ҷустуҷӯ ҷасади кӯдакро аз манзили ҳамсоя ва хешовандашон-амаки падараш дар оғӯштаи хун пайдо карданд.
Тавре хешовандони хонавода ба Sputnik Тоҷикистон
тавзеҳ дода буданд, ҷасадро соҳибхона, амаки падари Аҳмадҷон вақте пайдо кард, ки дар хонаашон касе набуд. Ҳамсари мард, Муборак Абдураҳмонова хонаро қулф задаву ғайб зада буд.
Дертар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаро тавзеҳ дода хабар дод, ки гумонбар дар куштор Муборак Абдураҳмоноваро дастгир карданд.
Тавре дар гузориши ВКД гуфта мешавад, баҳри пурра муайян намудани ҳолати мазкур аз ҷониби милитсияи ва прокуратураи ноҳияи Сино гурӯҳи оперативӣ созмон дода шуда, як қатор чораҷӯиҳои оператвиӣ ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуд.
Номбурда баъд аз содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ба хотири аз ҷавобгарии ҷиноятӣ пинҳон шудан аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
"Дастгиршуда Абдураҳмонова Муборак зимни пурсиш ба пешбурди корҳои тафтишотӣ пурра ба ҷинояти содикардаи худ иқрор гардида иброз дошт, ки маҳз ба хотири хусумату бадбинӣ ва нофаҳмиҳои оилавӣ даст ба ин кирдори ваҳшиёна задааст", - таъкид мекунад манбаъ.
Номбурда 5 марти соли ҷорӣ марҳумро бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш дават намуда, бо роҳи буғӣ ва сипас лату кӯб, бо як бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат расонидааст.
"Аҳмадҷон хез- хез, чува оба нахӯрдӣ, чува оба нахӯрдӣ, задам. Баъд овардам инҷа. Хуна дидам тарсида, ларзида паспорта гирифтаму куртама гирифтаму гурехтам", - мегӯяд ҳангоми нишондод зани гумонбар.
Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати 25 сол ё ҳукми абадро бо мусодираи молу мулк пешбинӣ мекунад.