https://sputnik.tj/20210309/qatl-dushanbe-kudak-1032973589.html
Шарҳи ВКД дар бораи қатли писараки 7-сола дар Душанбе
Шарҳи ВКД дар бораи қатли писараки 7-сола дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Бо гузашти 4 рӯз аз куштори писараки 7-сола дар Душанбе ҷустуҷӯи гумонбар дар қатли кӯдак, як зани 53-сола, идома дорад 09.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-09T20:57+0500
2021-03-09T20:57+0500
2021-07-07T18:38+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
душанбе
гумонбар
писар
куштор
вкд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/04/1031679115_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_d68ca70652b923784bfe09ab49f25a4d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҷустуҷӯи гумонбар дар куштори писараки 7-сола дар Душанбе, хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50 Аҳмадҷон Абдураҳмонов бо гузашти чор рӯз аз рӯзи ҳодиса идома дорад.Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.Сухангӯи ниҳод Нусратулло Маҳмадзода таъйид кард, ки вазорат ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад ва феълан корҳои оперативӣ идома дорад.Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки гумонбар дар куштори Аҳмадҷони 7-сола, ҳамсари амаки падараш Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола мебошад.Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд, ки зан бемории рӯҳӣ дошт. Аммо ҷониби ҷабрдида, хонаводаи писараки кушташуда бар онанд, ки зан аз ҷиҳати равонӣ сиҳат буд.Дар болояш "палто" пӯшиду рафт: тафсилоти куштори кӯдак аз ҷониби зани бемор дар ДушанбеБа гуфтаи шоҳиди қазия, ҳодиса рӯзи 5 март вақте рух дод, ки писарак аз мактаб бармегашт. Гумонбаршаванда бо роҳи фиреб Аҳмадҷонро ба манзилаш, ки дар ҳамсоягии хонаи хонаводаи марҳум қарор дорад, даъват кард ва бино бар наворҳои камераҳои мушоҳидавӣ баъди 10 дақиқа аз манзил берун ва нопадид шуд.Баъди чанд соат ҷисми беҷони кӯдакро аз манзили зан пайдо карданд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/04/1031679115_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_2ece08d20d73e06ffadd4c72a18ffc75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, гумонбар, писар, куштор, вкд, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, гумонбар, писар, куштор, вкд, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Шарҳи ВКД дар бораи қатли писараки 7-сола дар Душанбе
20:57 09.03.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Бо гузашти 4 рӯз аз куштори писараки 7-сола дар Душанбе ҷустуҷӯи гумонбар дар қатли кӯдак, як зани 53-сола, идома дорад
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ҷустуҷӯи гумонбар дар куштори писараки 7-сола дар Душанбе, хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50 Аҳмадҷон Абдураҳмонов бо гузашти чор рӯз аз рӯзи ҳодиса идома дорад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба
Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Сухангӯи ниҳод Нусратулло Маҳмадзода таъйид кард, ки вазорат ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад ва феълан корҳои оперативӣ идома дорад.
"Ҳодисаи куштори писараки 7-сола дар кучаи Олег Кошевойи Душанбе аз ҷониби мақомот тафтиш мешавад ва барои пайдо ва дастгир кардани гумонбаршаванда, хешованди писарак, зани 53-сола корҳои оперативӣ тафтишотӣ идома дорад", - гуфт вай дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки гумонбар дар куштори Аҳмадҷони 7-сола, ҳамсари амаки падараш Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола мебошад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд, ки зан бемории рӯҳӣ дошт. Аммо ҷониби ҷабрдида, хонаводаи писараки кушташуда бар онанд, ки зан аз ҷиҳати равонӣ сиҳат буд.
Ба гуфтаи шоҳиди қазия, ҳодиса рӯзи 5 март вақте рух дод, ки писарак аз мактаб бармегашт. Гумонбаршаванда бо роҳи фиреб Аҳмадҷонро ба манзилаш, ки дар ҳамсоягии хонаи хонаводаи марҳум қарор дорад, даъват кард ва бино бар наворҳои камераҳои мушоҳидавӣ баъди 10 дақиқа аз манзил берун ва нопадид шуд.
Баъди чанд соат ҷисми беҷони кӯдакро аз манзили зан пайдо карданд.