https://sputnik.tj/20210422/maktab-bishkek-qarantin-khonanda-koronavirus-1038921620.html
15 мактаб дар Бишкек қарантин шуд: чанд омӯзгору хонанда мубталои COVID аст
15 мактаб дар Бишкек қарантин шуд: чанд омӯзгору хонанда мубталои COVID аст
Sputnik Тоҷикистон
Феълан дар Бишкек дасти кам 45 хонанда гирифтори коронавирус ҳастанд
2021-04-22T13:35+0500
2021-04-22T13:35+0500
2021-04-22T14:57+0500
маориф
бишкек
маризӣ
осиёи марказӣ
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/07/1032408974_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_9c20750dcc667103a548418f416da8c8.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дари 15 макотиб дар Бишкек баста шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба Вазорати маориф.Манбаъ меафзояд, ба иловаи баста шудани 15 мактаб, инчунин 11 синф аз 14 макотиб ба таълими фосилавӣ гузаронида шуданд.Дар ин робита мудири шӯъбаи рушди маорифи Раёсати маориф Гулмира Акматова мегӯяд, то 21 апрел мубталошавии 45 хонанда ба коронавирус сабт гардидааст ва яке аз толибилмон гирифтори илтиҳоби шуш аст.Зимнан, аз миёни омӯзгорон 24 нафар гирифтори COVID буда, 6 муаллим мубталои илтиҳоби шуш ҳастанд.Гуфта мешавад, бо гузашти танҳо ду рӯз, 9 хонанда ва 5 омӯзгор дар Бишкек гирифтори коронавирус шуданд.Намояндаи Вазорати маориф ёдовар шудааст, ки аз семоҳаи чорум хонандагони синфҳои 1, 2, 3, 4, 5, 9 ва 11 ба мактабҳо таҳсил мекунанд, вале синфҳои 6, 7, 8 ва 10 ба таҳсили фосилавӣ гирифта шуданд.Манбаъ аз қавли волидон хабар медиҳад, ки 1607 нафар кӯдаконе, ки бояд дар мактаб таҳсил кунанд, дар хона таҳсил мекунанд.
https://sputnik.tj/20210421/peshnihod-mufti-maskav-muhojiron-koronavirus-em-1038894217.html
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/07/1032408974_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d0563d675b93e45815b223a021d332f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бишкек, мактаб, карантин, коронаиврус
бишкек, мактаб, карантин, коронаиврус
15 мактаб дар Бишкек қарантин шуд: чанд омӯзгору хонанда мубталои COVID аст
13:35 22.04.2021 (Навсозишуда: 14:57 22.04.2021) Танҳо давоми ду рӯз 9 хонанда ва 5 омӯзгор мубталои коронаиврус шудаанд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дари 15 макотиб дар Бишкек баста шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба Вазорати маориф.
Манбаъ меафзояд, ба иловаи баста шудани 15 мактаб, инчунин 11 синф аз 14 макотиб ба таълими фосилавӣ гузаронида шуданд.
Дар ин робита мудири шӯъбаи рушди маорифи Раёсати маориф Гулмира Акматова мегӯяд, то 21 апрел мубталошавии 45 хонанда ба коронавирус сабт гардидааст ва яке аз толибилмон гирифтори илтиҳоби шуш аст.
Зимнан, аз миёни омӯзгорон 24 нафар гирифтори COVID буда, 6 муаллим мубталои илтиҳоби шуш ҳастанд.
Гуфта мешавад, бо гузашти танҳо ду рӯз, 9 хонанда ва 5 омӯзгор дар Бишкек гирифтори коронавирус шуданд.
Намояндаи Вазорати маориф ёдовар шудааст, ки аз семоҳаи чорум хонандагони синфҳои 1, 2, 3, 4, 5, 9 ва 11 ба мактабҳо таҳсил мекунанд, вале синфҳои 6, 7, 8 ва 10 ба таҳсили фосилавӣ гирифта шуданд.
Манбаъ аз қавли волидон хабар медиҳад, ки 1607 нафар кӯдаконе, ки бояд дар мактаб таҳсил кунанд, дар хона таҳсил мекунанд.