https://sputnik.tj/20210422/munoqisha-rudaki-vkd-bozdosht-1038912727.html
Муноқишаи маргбор дар ноҳияи Рӯдакӣ: ВКД се ноболиғу ҷавонеро боздошт кард
Муноқишаи маргбор дар ноҳияи Рӯдакӣ: ВКД се ноболиғу ҷавонеро боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудаст, ки шахсони номаълум писарашро корд задаанд
2021-04-22T10:28+0500
2021-04-22T10:28+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
вкд
куштор
муноқиша
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/83/1028958329_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_049542da018d00f23d75ccb6af57e8c5.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудаст, ки шахсони номаълум писарашро корд задаанд.Гуфта мешавад, ду рӯз қабл 20-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, шахсони номаълум бе ягон асос писараш ҷавони 24-солаи сокини ҳамон ҷоро дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи мазкур бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задаанд.“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”,- афзудааст манбаъ.Ин ниҳод гуфтааст, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо “изи гарм” ноболиғони 13, 17, 17 ва ҷавони 19-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Навободи ҳамин ноҳия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.Номбурдагон, шоми 20-уми апрел, тахминан соати 18:30, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ байни худ бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ноболиғи 17 ва ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навобод муноқиша карда, дар натиҷа яке аз ноболиғони гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи марҳум мезанад.ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210309/qatl-dushanbe-kudak-1032973589.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/83/1028958329_167:0:888:541_1920x0_80_0_0_d72cda7a73506b3e904dcddf3f6f5dac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд, муноқиша, боздошт,
Муноқишаи маргбор дар ноҳияи Рӯдакӣ: ВКД се ноболиғу ҷавонеро боздошт кард
10:28 22.04.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як муноқишаи гурӯҳии ноболиғону ҷавонон хабар медиҳад, ки дар пайи он як нафар ҳалок шудааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудаст, ки шахсони номаълум писарашро корд задаанд.
Гуфта мешавад, ду рӯз қабл 20-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, шахсони номаълум бе ягон асос писараш ҷавони 24-солаи сокини ҳамон ҷоро дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи мазкур бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задаанд.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”,- афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод гуфтааст, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо “изи гарм” ноболиғони 13, 17, 17 ва ҷавони 19-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Навободи ҳамин ноҳия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, шоми 20-уми апрел, тахминан соати 18:30, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ байни худ бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ноболиғи 17 ва ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навобод муноқиша карда, дар натиҷа яке аз ноболиғони гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи марҳум мезанад.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.