https://sputnik.tj/20210422/guruhi-tolibon-sulh-shart-guzosht--1038915579.html
Гурӯҳи “Толибон” барои нишастан пушти мизи сулҳ боз шарт гузоштанд
Гурӯҳи “Толибон” барои нишастан пушти мизи сулҳ боз шарт гузоштанд
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи “Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия) шартҳои худро барои ҳузур дар музокироти сулҳи Истанбули Туркия эълом кард
2021-04-22T12:15+0500
2021-04-22T12:15+0500
2021-04-22T14:36+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744853_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_b2696d48bfa2decaf9629cd61de6e225.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) шартҳои худро озодии зиндониён ва хориҷ шудани номи раҳбарони ин гурӯҳ аз феҳристи сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, итттилоъ додааст шабакаи “tolonews” Афғонистон.“Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) пештар низ эълом карда буд то замоне, ки низомиёни амрикоӣ ва дигар низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ нашаванд, дар ҳеч музокироти сулҳе ширкат намекунанд.Сухангӯи гурӯҳи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, ки расидан ба сулҳ бо ҳузури хориҷиҳо дар Афғонистон имконпазир нест ва ба ҳамин далел гурӯҳ нишасти Истамбули Туркияро таҳрим кардааст.Муҳаммадумар Довудзӣ, намояндаи вижаи Раёсати Афғонистон дар умури Покистон ҳам бо ишора ба шартҳои "Толибон" гуфт, ки озодии ҳафт ҳазор зиндонии гурӯҳи “Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) бояд ба қабули оташбас аз тарафи ин гурӯҳ машрут шавад.Нишасти музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати Кобул ва гурӯҳи “Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) ба манзури поёни ҷанг ва даргирӣ қарор буд 24 апрел дар Истанбул баргузор шавад. Аммо нишаст ба иллати ширкат накардани "Толибон" ду бор ба таъхир афтодааст.
https://sputnik.tj/20210416/hushdori-tolibon-ba-amriko-afghonistonro-tark-kuned-1038507620.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744853_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_26aae17d3dcf399715a23917099cb9b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, сулҳ, шарт
толибон, афғонистон, сулҳ, шарт
Гурӯҳи “Толибон” барои нишастан пушти мизи сулҳ боз шарт гузоштанд
12:15 22.04.2021 (Навсозишуда: 14:36 22.04.2021) Гурӯҳи “Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) шартҳои худро барои ҳузур дар музокироти сулҳи Истанбули Туркия эълом кард
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) шартҳои худро озодии зиндониён ва хориҷ шудани номи раҳбарони ин гурӯҳ аз феҳристи сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, итттилоъ додааст шабакаи “tolonews” Афғонистон.
“Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) пештар низ эълом карда буд то замоне, ки низомиёни амрикоӣ ва дигар низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ нашаванд, дар ҳеч музокироти сулҳе ширкат намекунанд.
Сухангӯи гурӯҳи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, ки расидан ба сулҳ бо ҳузури хориҷиҳо дар Афғонистон имконпазир нест ва ба ҳамин далел гурӯҳ нишасти Истамбули Туркияро таҳрим кардааст.
Муҳаммадумар Довудзӣ, намояндаи вижаи Раёсати Афғонистон дар умури Покистон ҳам бо ишора ба шартҳои "Толибон" гуфт, ки озодии ҳафт ҳазор зиндонии гурӯҳи “Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) бояд ба қабули оташбас аз тарафи ин гурӯҳ машрут шавад.
Нишасти музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати Кобул ва гурӯҳи “Толибон” (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) ба манзури поёни ҷанг ва даргирӣ қарор буд 24 апрел дар Истанбул баргузор шавад. Аммо нишаст ба иллати ширкат накардани "Толибон" ду бор ба таъхир афтодааст.