https://sputnik.tj/20210416/hushdori-tolibon-ba-amriko-afghonistonro-tark-kuned-1038507620.html
Ҳушдори "Толибон" ба Амрико: то аввали май Афғонистонро тарк кунед
Ҳушдори "Толибон" ба Амрико: то аввали май Афғонистонро тарк кунед
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Толибон гуфт, мутобиқи тавофуқномаи Доҳа ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ бояд Афғонистонро тарк кунанд
2021-04-16T09:45+0500
2021-04-16T09:45+0500
2021-04-19T16:58+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102820/20/1028202052_0:0:3091:1739_1920x0_80_0_0_843800d12b60f9de2039d69f66660c88.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) бори дигар таъкид кард, ки мутобиқи тавофуқномаи Доҳа ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ бояд Афғонистонро тарк кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.Сухангӯи Толибон дар паёме навишт, ки бо амал кардан ба тавофуқномаи Доҳа мушкилоти дигар низ ҳал хоҳад шуд.Сухангӯи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) афзуд, ки агар нерӯҳои хориҷӣ натавонанд дар таърихи таъйиншуда (аввали моҳи май) аз кишвари мо хориҷ шаванд, мушкилот бештар хоҳад шуд ва касоне, ки натавонистаанд тавофуқномаро риоят кунанд, масъули ин вазъ хоҳанд буд.Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, ки Байден тасмим дорад тамоми низомиёни амрикоиро то 11 сентябр аз Афғонистон хориҷ кунад.Бар асоси тавофуқи Доҳа миёни Амрико ва Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) нерӯҳои хориҷӣ бояд то аввали моҳи май аз Афғонистон хориҷ шаванд.
https://sputnik.tj/20210414/tolibon-otashbas-ramazon-1038468298.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102820/20/1028202052_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_3b6c401b523e4ec4a16aa096f0c7d15a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, тавофуқнома,
толибон, афғонистон, тавофуқнома,
Ҳушдори "Толибон" ба Амрико: то аввали май Афғонистонро тарк кунед
09:45 16.04.2021 (Навсозишуда: 16:58 19.04.2021) Сухангӯи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) гуфт, мутобиқи тавофуқномаи Доҳа ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ бояд Афғонистонро тарк кунанд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) бори дигар таъкид кард, ки мутобиқи тавофуқномаи Доҳа ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ бояд Афғонистонро тарк кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Сухангӯи Толибон дар паёме навишт, ки бо амал кардан ба тавофуқномаи Доҳа мушкилоти дигар низ ҳал хоҳад шуд.
Сухангӯи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) афзуд, ки агар нерӯҳои хориҷӣ натавонанд дар таърихи таъйиншуда (аввали моҳи май) аз кишвари мо хориҷ шаванд, мушкилот бештар хоҳад шуд ва касоне, ки натавонистаанд тавофуқномаро риоят кунанд, масъули ин вазъ хоҳанд буд.
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, ки Байден тасмим дорад тамоми низомиёни амрикоиро то 11 сентябр аз Афғонистон хориҷ кунад.
Бар асоси тавофуқи Доҳа миёни Амрико ва Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) нерӯҳои хориҷӣ бояд то аввали моҳи май аз Афғонистон хориҷ шаванд.