Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия 14 дарсад коҳиш ёфт

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкПогрузка контейнеров, архивное фото
Погрузка контейнеров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Обуна шудан
Ожонсии Омори Тоҷикистон хабар додааст, ки дар се моҳи соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия 14 дарсад коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Авеста” дар давоми се моҳи соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Қазоқистону Тоҷикистон 271,3 миллион долларро ташкл додаст, ки нисбат ба моҳи январ-марти соли гузашта 6,8 дарсад зиёд будааст.
Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ миёни Русия ва Тоҷикистон 223,5 миллион доллар ё 14 дарсад коҳиш ёфт. Тоҷикистон аз Русия бештар маҳсулоти нафтӣ, гандум, орд, равған ва дигар маҳсулот ворид намудааст.
Дар ҳамин ҳол гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону кишварҳои ҳамсуд дар се моҳи соли равон 409,4 миллион долларро ташкил додааст.
Покупатели на новом рынке Мехргон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2018
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ 18 дарсад афзоиш ёфт
Тибқи иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 дарсад зиёд будааст.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи як нишасти доираҳои соҳибкории Русияву Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, солҳои 2007-2020 Русия дар иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,6 миллиард доллари ИМА сармоя ворид кардааст.
Аз ин ҳудуди 900 миллион долларро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
“Сармоягузории Русия бештар дар хадамоти молиявӣ, мухобирот, энергетика, саноат, сохтмон, омӯзиш ва истихроҷи маодини зеризаминӣ равона шудааст”, - гуфт Саъдӣ Қодирзода.
Бино ба иттилои расмӣ, ҳаҷми сармоягузории иқтисоди Тоҷикистон аз сӯи кишварҳои хориҷӣ миёни солҳои 2007 – 2020 10,2 миллиард долларро ташкил дод, ки саҳми сармоягузориҳои Русия дар он 16% аст ва пас аз Чин дуввумин сармоягузори умдат иқтисоди Тоҷикистон аст.
Контейнеры в порту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2018
Савдои гарм: Тоҷикистону Узбакистон гардиши колоро дучанд карданд
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки соли 2020 дар Тоҷикистон аз сабаби пандемияи коронавирусӣ тиҷорат бо дигар кишварҳо коҳиш ёфт.
Ҳамин тавр, дар соли 2020 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 4,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб 10% камтар аст.
Тиҷорат бо Русия 721,3 миллион долларро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0