Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ 18 дарсад афзоиш ёфт

© Sputnik / Амир ИсаевПокупатели на новом рынке Мехргон, архивное фото
Покупатели на новом рынке Мехргон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба беш аз 17,8 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсуд беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил додааст.

Монеты и денежные знаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қарзҳои мушкилситони бонкҳои Тоҷикистон беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ бештар аз ҳама бо Русия савдо кардааст. Гардиши савдои хориҷии Русия бо Тоҷикистон 651,9 миллион долларро ташкил додааст. Сипас дар ин феҳрист Қазоқистон бо 553,3 миллон доллар ҷойгир шудааст.   

Гардиши савдои Тоҷикистон бо Узбакистон низ дар ҳоли рушд қарор дорад. Нисбат ба соли гузашта гардиши савдои ду кишвар 2,3 баробар афзоиш ёфтааст. Маблағи гардиши савдо миёни ду кивар дар 8 моҳи соли равон 192,6 миллион долларро ташкил додааст.

Беш аз 11,8 миллион доллари он воридоти маҳсулот будааст. Содирот ба Узбакистон дар ҳамин давраи соли ҷорӣ 80,8 миллион долларро ташкил додааст.

Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 2,1 баробар (43 миллион доллар) ва бо Озарбойҷон низ 2,2 баробар (4,4 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0